11 феврал бо ташаббуси Академияи султонии илм ва эътимоди байналмилалӣ (RASIT) дар ҳамкорӣ бо якчанд кишварҳои узви СММ, аз ҷумла Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ таҳти мавзӯи «Баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогирӣ: об моро муттаҳид мекунад» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайати Тоҷикистонро дар конфронс Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муаррифӣ карданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар дар суханронии худ аз мушкилиҳои соҳаи об дар ҷаҳон ёдрас шуда, аҳаммияти нақши ҷомеаи ҷаҳониро дар пешгирии ин раванд ва тақвият бахшидан ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, ба вежа Ҳадафи шашуми рушди устувор таъкид намуданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ инчунин оид ба нақши занону духтарон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар ҳаллу фасли мушкилиҳои ҷаҳонӣ сухан гуфта, аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ин мавзӯъ хотиррасон шуданд.
Дар баробари ин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз пешбарии масъалаи баробарии гендерӣ дар ҳошияи Раванди оби Душанбе гуфта, ба алоқамандии масъалаҳои об ва гендерӣ таваҷҷуҳи вежа зоҳир карданд.
Дар ин хусус, муҳтарам Рустами Эмомалӣ др бораи баргузории Форуми махсус оид ба занон ва об дар доираи Конфронси дуввуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (6-9 июни соли 2022, Душанбе) иттилоъ доданд.
Зикр карда шуд, ки Форуми мазкур барои муҳокимаи васеътари масъалаҳои об аз нуқтаи назари гендерӣ ва пурзӯр намудани нақши занон дар пешбарии масъалаҳои об платформаи иловагиро ташкил хоҳад кард.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои чорабинии имрӯза, Форуми занон ва оби Конфронси Душанбе барои тақвият бахшидани пешрафт дар самти ноилшавӣ ба баробарии гендерӣ дар бахши об, ҷалби занону духтарони соҳаи илм дар татбиқи Рӯзномаи 2030 ва Конфронси 2023 саҳми назаррас мегузоранд.
Дар ҷамъомади мазкур инчунин Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, Раиси иҷлоси 76-уми МУ СММ Абдулло Шоҳид, президентҳои Словения, Кипр, Португалия, Малта, Юнон, Эквадор, инчунин Раиси Ҳукумати Сан-Марино, вазирони Испания, Бутан, Ҷумҳурии Корея ва Латвия иштирок ва суханронӣ карданд.
Созмондиҳандагони асосии Конфронси мазкурро кишварҳои Кипр, Кения, Лубнон, Малта, Марокаш, Филиппин, Лаҳистон, Португалия, Қатар, Руанда, Словакия, Словения, Испания, Тоҷикистон ва як қатор ниҳодҳои СММ ташкил карданд.