РЕКТОРИ ДМТ: МАОШИ ОМӮЗГОРОН 10% БАЛАНД МЕГАРДАД

Дар баробари пешниҳоде, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ таъкид доштанд, яъне зиёд шудани музди меҳнат дар ҳаҷми 20% аз якуми июли соли 2022, илова бар ин, бо пешниҳоди ректори донишгоҳ шурӯъ аз якуми сентябри соли ҷорӣ маоши омӯзгорон дар ҳаҷми 10%- и дигар баланд бардошта мешавад,- зикр намуданд ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода дар нишасти матбуотӣ.

Ҳамзамон, ба иттилои номбурда соли сипаришуда донишгоҳ дар миёни 450 донишгоҳи беҳтарин ва пешрафтаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи марказӣ ҷойи 241- умро ишғол намуд. Қайд гардид, ки айни ҳол донишгоҳ бо 313 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ- тадқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дошта, аъзои донишгоҳи шабакавии ИДМ ва Донишгоҳи СҲШ мебошад. “ДМТ аъзои фаъоли Ассотсиатсияи донишгоҳои Авру- Осиё, муассиси Ассотсиатсияи Донишгоҳои Осиё, Муассисаи Ассотсиатсияи донишгоҳои Осиёи марказӣ, аъзои Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзгорони забон ва адабиёти рус ва созмону консорсиумҳои дигари байналмилалӣ низ мебошад”,- зикр намуданд ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода.