Ба маълумоти Хадамоти алоқа то ҳанӯз 2,4 миллион симкорт дар ҷумҳурӣ бо шиносномаи куҳнаи намунаи соли 1996 сабт шудаанд, ки шаҳрвандони кишварро лозим аст то 15 феврали соли равон симкортҳои худро бо шиносномаи намунаи соли 2014 ба қайд гиранд.
Дар ин бора Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ таъкид намуд, вале нагуфт, ки дар сурат аз нав ба қайд нагирифтан симкортҳои баста мешаванд ё не. Ба гуфтаи ин тасими бар асоси қарори ҳукумат аз моҳи апрели соли 2016 амалӣ гардида, барои амният ва татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ дар оянда муҳим мебошад.
Гуфта шуд, ки айни ҳод дар Тоҷикистон беш аз 8 миллион симкортҳо дар дасти истифодабарандагонанд, ки ҳудуди 5,5 миллион ададаш фаъол мебошанд.
Атоев бартарияти сабти симкортҳо бо шиносномаҳои навро дар он гуфт, ки мардумро дигар зимни татбиқи лоиҳаҳои гуногуни рақамӣ саргардон намекунанд. Аз ҷумлаи бартариятҳои ин иқдомро мақомдори Хадамоти алоқа дар он гуфт, ки таҷҳизоти дигарро ба қайд гирифтан зарур намеояд. Ӯ тавзеҳ дод, ки вақте аз тариқи симкортҳои сабтшуда таҷҳизоти гуногун ба шабакаи интернет пайваст мегарданд, ин таҷҳизот автоматӣ муайяну сабт мешаванд.Дар нишаст таъкид шуд, ки тибқи қоида дар номи як одам то ду симкорт ба қайд гирифтан мумкин аст.