Рӯзҳои 28-30 январ дар шаҳри Алмадаи Португалия мусобиқаи Grand Prix Portugal 2022 баргузор гардид. Паҳлавони маъруфи тоҷик – Комроншоҳи Устопириён дар ин мусобиқа дар вазни -90кг ҳунарнамоӣ кард ва нишони биринҷиро ба даст овард.
Комроншоҳи Устопирён ягона ҷудочии тоҷик дар Grand Prix Portugal 2022 буд, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа муаррифӣ кард. Ӯ дар даври аввали ин мусобиқа озод буд ва рақобатро аз даври дуюм оғоз бахшид. Варзишгари тоҷик дар даври дуюм ҷудокори ӯзбекистонӣ Достон Мейлиевро шикаст дод ва ба даври 1/4 финал роҳ ёфт. Дар сабқати 1/4 ниҳоӣ Устопирён бо варзишгари Украина Артём Бибур андари майдони рақобат гардид. Ҷудочии украинӣ дар баробари варзишгари тоҷик истодагарӣ карда натавонист ва бо се огоҳӣ шикаст хӯрд. Дар сабқати ниманиҳоӣ Комроншоҳ бо намояндаи Италия – Кристиан Парлати нерӯсанҷи кард ва дар сонияҳои охири рақобат бо як “вазарӣ” ноком шуд. Баъди ин бохт Комроншоҳи Устопирён дар мубориза барои ба даст овардани нишони биринҷӣ бо ҷудочии Гурҷистон Имеда Гоголадзе рақобат намуд. Дар ин дидор ғолиб дар вақти асосӣ муайян нагардид ва ҳамин тариқ вақт ба “GOLDEN SCORE” расид. Дар “вақти тиллоӣ” Комроншоҳ тавонист бо бартарии як “вазарӣ” ҳарифашро шикаст дода, сазовори мақоми сеюм ва нишони биринҷии Grand Prix Portugal 2022 гардад.
Дар фарҷом ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо медалу ҷоизапулӣ сарфароз гардиданд. Барои ҷойи 1-ум 3000-евро, ҷойи 2-юм 2000-евро, ҷойҳои 3-юм 1000-евро супорида шуд.