Дар доираи рақобатҳои Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон рӯзи 29-январ варзишгари тоҷик Давлат Болтаев дар вазни 92 кг ҳунарнамоӣ воло нишон дода қаҳрамони Осиё гардид. Болтаев дар даври ниҳоӣ бар муштзани қирғиз Рустам Ирисбек ғолиб омада медали тиллоӣ Чемпионати Осиёро ба гардан овехт.
Муштзанони дигари тоҷик Абдумалик Болтаев (75 кг), Некрӯз Салимов (80 кг) ва Шаҳбоз Ҳаитов (86 кг) медалҳои нуқраро соҳиб шуданд.
Аз миёни духтарон Сумая Қосимова низ барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё оид ба бокс гардид. Сумая Қосимова дар вазни 48 кг рақобат кард ва тавре ба назар мерасид, дар ду раунд бартарӣ дошт, вале пирӯзӣ ба рақибаш Фарзона Фозиловаи узбекистонӣ дода шуд.
Малика Нозимова (63 кг) ва Ҳусния Холова (50 кг) тавонистанд, ки медали биринҷии Чемпионати Осиёро миёни ҷавонон ба даст биёранд.
Ҳайати дастаи яккачини ҷавонони Тоҷикистон:
- Усмон Мирзоев – 48 кг
- Акбаралӣ Абдураҳмонзода – 51 кг
- Искандарбек Рустамов – 54кг
- Хусравхон Раҳимов – 57 кг
- Абдураҳмон Ёқубов – 60 кг
- Файзалӣ Ғуломов – 63,5 кг
- Расул Аҳадов – 67 кг
- Хуршед Усвалиев – 71 кг
- Абдумалик Болтаев – 75 кг
- Некрӯз Салимов – 80 кг
- Шаҳбоз Ҳаитов – 86 кг
- Баҳман Расулов – 92 кг
- Давлат Болтаев – 92 кг
- Муҳаммад Аброриддинов – +92 кг
Духтарон:
- Сумая Қосимова – 48 кг
- Руҳафзо Ҳакназарова – 50кг
- Ҳусния Холова – 52кг
- Умедахон Зокирова – 60 кг
- Малика Нозимова – 63 кг