Имрӯз 28-январ дар Майамии ИМА Лоиқ Раҷабов размовари шинохтаи тоҷик дар рақобатҳои Eagle FC-44 муқобили Зика Зейн ҳунари воло нишон дода, варзишгари амрикоиро дар раунди аввал бо усули таслим кардан шикаст дод.
Варзишгари 31-солаи тоҷик Лоиқ Раҷабов 20-рақобати касбӣ анҷом дода, 15-пирӯзӣ 4-бохт ва 1 мусовиро ба даст овардааст. Рақиби Лоиқ Раҷабов Зика Зейни 32-солаи амрикоӣ бошад, дар корномааш 15-пирӯзӣ ва 9-бохт дорад.
Созмондиҳандагон ҳадафи аслии баргузории ин чорабинии варзиширо таблиғи варзишгарони кишварҳои ИДМ дар сатҳи ҷаҳонӣ медонанд.
Ёдовар мешавем, ки баҳори соли 2021 Лоиқ Раҷабов дар финали Лигаи ПФЛ дар мубориза бо Раус Манфиои бразилӣ барои соҳиб шудани як миллион доллар шикаст хӯрда буд.
Тайи 5 соли охир варзишгар дар Олмон зиндагӣ ва тамрин мекунад. Дар он ҷо ӯ дар мусобиқаҳои муҳорибаи омехта 4-камарбанд ба даст овардааст.
Сорбон Амонуллозода
Радиои “Тоҷикистон”