Муаллим аз шаҳри Хоруғ “Омӯзгори сол” дониста шуд

Омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хоруғ Хушбахт Азизбеков ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021» гардид.
Барандаи озмун зимни маросими ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021” 27-уми январ дар Вазорати маориф ва илми кишвар эълон шудааст.

Ёдовар мешавем, ки озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021” давоми сол баргузор шуда, даври ҷумҳуриявии он 25-уми январ дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт, ки давоми 3 рӯз донишу малакаи довталабон аз рӯйи 7 шарт санҷида шуд.


Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, иштирокчиёни дигари озмун, аз ҷумла, омӯзгори фанни географияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Моҳира Мусоева, омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Роғун Сунбула Юсупова, омӯзгори фанни физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Б. Ғафуров Наима Зоидова ва омӯзгори фанни физикаи Литсейи тамоюли техникии ба номи «Афлотун» дар ноҳияи Данғара Шавкат Тағоев бо туҳфаҳои кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни озмун «Сипоснома» ва туҳфаҳои пулӣ супорида шуд.

Хушбахт Азизбеков – ғолиби озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021”