Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» «Мунтахаби ашъор»- и Зуҳурии Туршезӣ рӯйи чоп овард.
Тавре аз Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ иттилоъ доданд, ин асар зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Замира Ғаффорова ва таҳияву тавзеҳи н.и.ф. мудири МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Баҳром Раҳматов ба зевари табъ ороста шуд.
Зикр мегардад, ки мунтахаби ашъор намунаи ғазалу “Соқинома”-и Зуҳурии Туршезӣ дарбар гирифта, бори аввал аст, ки ба хонандагони тоҷик пешкаш мешавад ва дар баробари ин роҳи фарохтареро барои тадқиқу тасҳеҳи осори ин суханвар мекушояд.
Асар фарогири муқаддимаи муфассал ба унвони «Зуҳурӣ –шоири барҷастаи форсу тоҷик (баррасии мухтасар роҷеъ ба зиндагӣ ва осори шоир) гузидаи ғазалиёт ва “Соқинома” мебошад.
Бояд гуфт, ки Зуҳурӣ ба унвони шоире, ки дар пайдоиш ва густариши сабки ҳиндӣ ва ташаккули жанри соқинома ва комилан ба марҳилаи нав рушд кардани он саҳми калон дорад, шинохта мешавад.