Дар Вазорати маориф ва илми кишвар даври ҷумҳуриявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021» оғоз гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, зимни ифтитоҳи маросим вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода иброз доштааст, ки мақсад аз гузаронидани озмун дарёфт намудани омӯзгорони боистеъдод ва муаррифии таҷрибаи пешқадами педагогии онҳо миёни кормандони соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, ҳамчунин баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад.
Имсол дар ин озмун омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳир Хоруғ Хушбахт Азизбеков, омӯзгори фанни физикаи Литсейи тамоили техникии ба номи «Афлотун» дар ноҳияи Данғара Шавкат Тағоев, омӯзгори фанни физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Б. Ғафуров Наима Зоидова, омӯзгори фанни географияи Литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Моҳира Мусоева ва омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Роғун Сунбула Юсупова миёни ҳам рақобат мекунанд.
Гуфта мешавад, довталабон аз рӯйи 7 шарт: муаррифии таҷрибаи корӣ, баргузор намудани маҷлиси падару модарон, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, доир намудани соати тарбиявӣ, кор бо компютер, ҷавоб додан ба саволҳои пешниҳодшуда ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро месанҷанд.
Зикр мегардад, ки озмун се рӯз идома ёфта, маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ ба ғолибон 27 январ дар Вазорати маориф ва илм баргузор мегардад.