Раисҷумҳури собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар Абу-Забӣ сактаи мағзи сар шудааст. Дар ин бора хабаргузории «Меҳр» бо истинод ба Kabul Times хабар дод.
Хабаргузории Бӣ-бӣ-сӣ низ 24 январ дар такя ба як манбааш дар Абу-Забӣ ин хабарро таъйид кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, Ашраф Ғанӣ чанд соат пеш дар манзилаш сактаи мағзи сар шуд.
Бино ба гузоришҳо, Ашраф Ғанӣ ба бемористони Шайх Зоҳид интиқол ёфта, дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ шудааст.
То ҳол дар ин бора маълумоти бештар дастрас нагардидааст.
Хотиррасон менамоем, ки Ашраф Ғании 72-сола бо ҳамсар ва ду мушовираш пас аз он ки ҷангиёни ҳаракати террористии «Толибон» эълон карданд, ки тамоми қаламрави кишварро таҳти назорат гирифтаанд, аз фурудгоҳи байналмилалии Кобул берун шуд. Онҳо бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва қасри президентро ишғол карданд.