Шаҳрдории Хуҷанд ва ширкати “Могилевлифтмаш”-и Беларус ба зудӣ дар шимоли кишвар корхонаи муштараки истеҳсоли лифтҳо бунёд менамоянд.
Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, ин тасмим дар вохӯрии раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо намояндагони ширкати «Могилевлифтмаш»-и Беларус садо додааст.
Гуфта мешавад, дидору гуфтугӯи ҷонибҳо ба хотири ба роҳ мондани ҳамкориҳо, ташаккули фаъолияти судманди тарафайн мебошад.
Ҷонибҳо аз роҳандозии корхонаи муштараки васлу насб ва истеҳсоли лифтҳо изҳори омодагӣ намудаанд. Ширкати «Могилевлифтмаш» омодагии худро барои таъмини корхонаву ташкилот ва аҳолии шаҳри Хуҷанд бо лифтҳои замонавӣ баён доштааст.
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва намояндагони ширкати “Могилевлифтмаш”-и Беларус ба мувофиқа расиданд, ки дар зудтарин фурсат бо ҷалби гурӯҳҳои корӣ барои таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифтҳо ба фаъолият оғоз бахшанд.