Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар саҳифаи расмияш аз иштироки ду ҷудочии тоҷик Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳи Устопириён дар Grand Prix Portugal 2022 хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, рӯзҳои 28-30 январ дар шаҳри Алмадаи кишвари Португалия мусобиқаи Grand Prix Portugal 2022 баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз ду тан аз ҷудокорони ботаҷрибаи тоҷик, иштирокчиёни бозиҳои олимпии Токио-2020 Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳи Устопириён муаррифӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки Сомон Маҳмадбеков дар вазни (-73 кг) ва Комроншоҳи Устопирён дар вазни (-90 кг) ҳунарнамоӣ мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки ин аввалин мусобиқа дар соли 2022 аз ин риштаи варзиш мебошад.
Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”