Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2021 хабар дод.
Ба иттилои сомонаи расмии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар соли гузашта ба ҷойи 5 миллиарду 965,8 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ 6 миллиарду 809,1 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 981,1 миллион сомонӣ ё 116,8 фоиз ва нисбат ба нақшаи аниқшуда 843,3 миллион сомонӣ ё 114,1 фоиз зиёд мебошад.
Манбаъ ҳамчунон қайд кардааст, ки воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ дар соли 2021 дар қиёс ба соли 2020 ба андозаи 1 миллиарду 339,7 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад.
Қайд карда шудааст, ки дар иртибот ба зиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ дар соли 2021 зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон 20 январ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон Хуршед Каримзода изҳори сипос кардааст.