Расонаҳо бо такя ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар доданд, ки дар Тоҷикистон заминларзаи нав ба қайд гирифта шуд.
Ин заминларза субҳи барвақти 25 январ соати 06:41 ба вақти маҳаллӣ сабт шудаааст.
Гуфта мешавад, он бо шиддати 3,9 балл дар чуқурии тақрибан 20 километр рух додааст.
Ба гуфтаи сейсмологҳо, заминларза дар самти шимолу ғарбии ҷумҳурӣ рух додааст.
Координатаҳои он 38,91 градуси арзи шимолӣ ва 70,12 градуси тули шарқӣ мебошад.
Коршиносони ӯзбек қайд мекунанд, ки маркази заминларза дар масофаи 273 километр дар самти ҷанубу шарқи Тошканд воқеъ будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон то ҳол дар бораи талафот ва харобиҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ иттилоъ надодааст.