Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти маҷозии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, ки ба муносибати 30-солагии барқарории равобити дипломатӣ миёни Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бахшида шудааст, иштирок хоҳад кард
Бино ба иттилои хабаргузории чинии “CGTN “ дар такя ба намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунйин, ин мулоқот 25 январ бо ташаббуси ҷониби Чин баргузор мегардад.
Манбаъ афзуд, ки дар мулоқоти онлайнӣ роҳбари Чин Сӣ Ҷинпин, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок мекунанд.
Дар ин мулоқот мавзӯъҳои гуногуни ҳамкории Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуда, интизор меравад, ки дар робита ба натиҷаҳои он изҳороти муштарак қабул карда шавад.
Ин дар ҳолест, ки, 20 январ намояндаи расмии ВКХ Чин Ван Вэнбин зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки роҳбарон ва сарони ҳукуматҳои бисёре аз кишварҳо барои ширкат дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин сабти ном шудаанд.
Миёни роҳбароне, ки Олимпиада даъват шуданд Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва дигарон низ ба назар мерасанд.