Шаҳрдории Душанбе миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт барои дарёфти стипендияи раиси шаҳри Душанбе озмун эълон намуд.
Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдод гузаронида мешавад.
Гуфта мешавад, довталабони стипендия нафароне буда метавонанд, ки рафтори намунавӣ дошта, бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд ва дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он фаъолона ширкат меварзанд.
Ҳоҳишмандон ҳуҷҷатҳои худро то 15-уми феврал ба Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе метавонанд пешниҳод намоянд.
Маълумоти бештарро аз ин ҷо метавонед пайдо кунед.