Адиби тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим ҷоизаи “Нависандаи тиллоии ҷаҳон”-ро ба даст овард.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанг, ҷоизаи мазкур ба адибони соҳибистеъдоде тақдим мегардад, ки инсонпарварӣ, сулҳу субот, накӯкорӣ, адолату муҳаббат дар осорашон ҷойгоҳи хоса дорад.
Қобили зикр аст, ки ҷоизаи “Нависандаи тиллоии ҷаҳон” аз сӯйи созмонҳои ҷамъиятии даҳ кишвари олам: ИМА, Олмон, Англия, Фаронса, Италия, Испания, Украина, Чин, Ҳиндустон ва Ҷопон таъсис дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз осори Абдуқаҳҳори Қосим ба забонҳои англисӣ, испанӣ, чинӣ, полякӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, украинӣ, сербӣ, ҳиндӣ, банголӣ, непалӣ, румӣ, португалӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума шуда, дар нашрияҳои Русия, Амрико, Непал, Чин, Руминия, Лаҳистон, Бангола, Туркия, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои дунё рӯи чоп омада, манзури хонандагони сершумор гардидаанд.