Тими ҷавонони Тоҷикистон (U-16) ба Туркия сафар кард

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-16) дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2022 субҳи 20 январ барои анҷоми тамрини дуҳафтаина ба Туркия парвоз кард.

Барои ҷамъомади тамринии Туркия, ки аз 20 январ то 4 феврал идома хоҳад кард, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) 20 бозигар, 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст. Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия чаҳор бозии санҷишӣ дар назар аст.

Дастаи Зайниддин Раҳимов пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия ба Беларусия сафар карда, дар 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд”, ки аз 5 то 14 феврал дар шаҳри Минск баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:

Дарвозабонҳо: Сунатулло Исмоилов, Абубакир Маҳмудов (ҳарду – Академияи футболи ФФТ);

Ҳимоятгарон: Диловари Ҷамшедзода, Муҳаммаҷон Орипов, Баракатулло Нигматуллозода, Абубакр Саидов, Муҳаммадҷони Тоҳирӣ, Бахтиёр Махсумов (ҳама – Академияи футболи ФФТ);

Нимҳимоятгарон: Абубакр Сулаймонов, Аҳмадҷони Абусатторӣ, Нарзулло Сангалиев, Абдуманон Ҳоҷӣ Нӯъмонзода, Беҳрӯз Худжаев, Меҳрубон Ҳамидов, Бахтовар Ғаюров, Муҳаммад Қурбонов (ҳама – Академияи футболи ФФТ);

Ҳамлагарон: Билол Бобоев, Масрур Ғафуров, Диловар Азизов, Мусо Қаҳҳоров (ҳама – Академияи футболи ФФТ).

Сорбон Амонуллозода,

Радиои “Тоҷикистон”