Таҳлилу баррасии ҳодисаҳои охир дар Қазоқистон, омилу сабабҳои маншаи вазъияти феълӣ дар маркази вилояти Бадахшон ва паҳншавии босуръати зукоми мавсимӣ бо нишонаҳои коронавируси навъи Омикрон аз мавзӯъҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 12 январ мақолаи адиби шинохта Ато Мирхоҷаро дар хусуси вазъияти Бадахшон чоп кардаааст. Муаллиф муътақид аст, ки чунин вазъ аз беҳавсалагӣ ва кори ниҳоят заифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва махсусан, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят, сарчашма мегирад.
Ба гуфтаи муаллиф, вақте гунаҳкор барои ҷиноят ба маҳкама кашида намешавад, дар назари ҳамдастони худ қаҳрамон шуда, ба шахсияте табдил меёбанд, ки ҳатто милисаву прокурор аз вай метарсад. Ба хулосаи муаллиф, то замоне дар шаҳри Хоруғ ҷиноят ва ҷинояткорон озоду сари худ ҳастанд, обрӯю манзалати сокинони Бадахшон зери суол қарор хоҳад дошт ва аз ин вабо ҳарчи зудтар, бо истифодаи тамоми роҳу имкониятҳо раҳо бояд ёфт, вагарна фардо дер мешавад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 11 январ бо чопи мақолае бар ҳифзи осорхона ва хона-музейи шахсиятҳои саршиноси фарҳангӣ дар пойтахти кишвар таъкид кардааст. Ба навиштаи муаллиф, алҳол аксар биноҳои куҳнасохти пойтахт аз байн бардошта шуда, дар ҷои онҳо биноҳои баландошёна бунёд мегарданд. Бинобар ин ба гуфтаи муаллиф дуруст мебуд, агар барои зинда доштани номи бузургоне, мисли Зиёдулло Шаҳидӣ, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев ва дигарон, ки бештари умрашонро дар маҳаллаи Сариосиё гузаронидаанд, як қисмати маҳалла – Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ, манзилҳои бузургони дигар якҷоя бо осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ҳамчун маҷмааи осорхона ва хона-музейҳо барои наслҳои ояндаи кишвар ҳифз шавад.
Ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” – нашрияи Кумитаи ҷавонон ва варзиш, дар шумораи рӯзи 13 январ мақолае бо номи “Қазоқистон: Ифротиён ба иқтисодиёт 212 миллион доллар зарар оварданд” чоп карда, аз қавли таҳлилгарон навиштааст, ки ирсоли нерӯҳои посдори сулҳи СААД ягона роҳи сареъи таъмини амният ва субот дар Қазоқистон буд.
Аз сӯи дигар, Зубайдулло Давлатов, коршиноси масоили сиёсӣ ба нашрия гуфтааст, ки ҳодисаҳои 2-7 январи соли 2022 дар Қазоқистон баёнгари онанд, ки ин ҷо таҳаввулоти ҷиддитаре дар ҳоли шаклгирист. Ба андешаи ин сиёсатшинос, ҳар гуна нооромиҳо дар Қазоқистон метавонад ба кишварҳои ҳамсоя таъсири манфӣ расонад, зеро Ҷумҳурии Қазоқистон аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва нуфуз кишвари бузург аст.
Ҳафтаномаи “СССР” дар шумораи рӯзи 13 январ дар равзанаи сардабир, ҳаводиси охири рӯйдода дар Қазоқистонро ба ҳодисаи баҳманмоҳи соли 1990 дар Тоҷикистон шабеҳ донистааст. Дар идома муаллиф таъкид кардааст, ки дар ин моваро як навгоние буд, ки оламиёнро ба ларза даровард: ин ҳам кумак хостани президенти Қазоқистон аз СААД.
Ба андешаи муаллиф, СААД то рӯзи 6 январи соли 2022 созмони бекора ва бечора маҳсуб мешуд, аммо баъди ҷобаҷойи сареъи нерӯҳои ин созмон дар Қазоқистон, СААД-ро чун як ташкилоти пурқудрат ва мутамаркиз ба намоиш гузошт.
Ҳафтаномаи СССР дар матлаби дигаре бо номи “Пири журналистони тоҷик 90-сола шуд!!!” аз кору рӯзгори журнаисти собиқадор Искандар Мирзоев, ки рӯзи 15-уми январ 90-сола мешавад, ёдовар шудааст. Искандар Мирзоев аз соли 1960 корро дар “Телевизиони Тоҷикистон” шурӯъ карда, дар мақоми директори барномаҳои телевизион, муовини раиси Кумитаи давлатии радиошунавонӣ ва телевизион ва раҳбари Маркази матбуоти КМ ҲК Тоҷикситон кор кардааст.
Дар бахше аз ин мақола зимни таҳлили муҳтавои барномаҳои имрӯзаи шабакаҳои телевизонӣ Искандар Мирзоев, ки собиқаи 70-солаи корӣ дар телевизион ва матбуотро дорад, бо таассуф зикр мекунад: “Ҳоло 6-7 шабакаи телевизонӣ дорем, аммо онҳо қариб, ки барномаҳои танқидӣ надоранд. Барномаҳои танқидие, ки ҳаматарафа воқеӣ, санҷишуда ва бетарафона бошанд”.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 13 январ дар мақолаи таҳлилие ин саволро матраҳ кардааст, ки дар Тоҷикистон коронавируси навъи “Омикрон” ҳаст ё нест? Муаллиф навиштааст, ки ду ҳафта боз сокинон дар саросари кишвар аз зуком бо нишонаҳои ғайриодӣ шикоят доранд, аммо масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки ин зукоми мавсимист ва набояд нигарон шуд.
Дар ҳамин ҳол ҳафтанома ба нақл аз ба манбаъҳои хеш дар ду озмоишгоҳи тиббӣ навиштааст, ки ҳамарӯза дастикам 30 ҳолати гирифтории сокинон ба коронавирус ошкор шуда, натиҷаҳои озмоиш ба барномаи махсус ворид карда мешаванд.
Илова бар ин, чанд нафар натиҷаҳои озмоишҳои тиббии худро ба нашрия фиристодаанд, ки дар он мавҷуд будани коронавирус тасдиқ шудааст. Аз сӯи дигар, муаллиф ёдовар шудааст, ки кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ошкор шудани коронавируси навъи “Омикрон” дар қаламравашонро расман тасдиқ кардаанд.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре ин мавзӯъро матраҳ кардааст, ки бесуботӣ дар Қазоқистон барои Тоҷикистон чӣ пайомад хоҳад дошт? Муаллиф таъкид мекунад, ки Қазоқистон шомили сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар дар 11 моҳи соли 2021 беш аз 1 миллиард долларро ташкил додааст, ки нисбати соли қабл 30,6% зиёд аст.
Ба навиштаи муаллиф, Тоҷикистон ду маҳсулоти ниёзи аввали хеш, яъне гандум ва гази моеъро аз Қазоқистон ворид карда, соли 2021 ба ин кишвар ба маблағи 325 миллион доллар маҳсулот содир кардааст, ки ба 17% аз ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон баробар аст. Бо назардошти ин хулосаи муаллиф ин аст, ки субот дар кишварҳое мисли Русия, Чин, Ӯзбекистон ва Қазоқистон барои эътидоли вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 13 январ аз қарзҳои миёншикани Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон навиштааст. Ҳафтанома аз қавли Оятулло Умаров, муовини раҳбари ин раёсат навиштааст, ки ба ҳолати 1 январи соли 2022 Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон аз пули барқ наздики 68 миллион сомонӣ ва аз мақомоти андоз бештар аз 20 миллион сомонӣ қарздор аст.
Дар баробари ин, ба гуфтаи Оятулло Умаров, муштариён барои истифодабарии он аз идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон зиёда аз 81 миллион сомонӣ бидеҳкор ҳастанд. Бад-ин тартиб қазияи мазкур муаммои сарбастеро мемонад, ки сол ба сол такрор шуда, ҳалли он дар кӯтоҳмуддат баъид ба назар мерасад.
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ,
радиои “Тоҷикистон”