Дар Тоҷикистон дирӯз заминларза ба миён омад. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо такя ба Пажӯҳишгоҳи геология ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, заминларза рӯзи 13 январ, соати 17:24 дақиқа дар ду минтақаи кишвар ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, маркази заминларза 20 километрии шарқи ноҳияи Рашт ва 153 килеметр шимолу шарқи шаҳри Душанбе мебошад.
“Қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл ва дар ноҳияи Рашт 3 баллро ташкил дод. Ин зилзила талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт”, – омадааст дар хабарномаи КҲФ.