Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

6 январи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Роҳбарони давлатҳо рафти иҷрои тавофуқоти дар доираи дуҷониба ҳосилшударо баррасӣ карда,  перомуни масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Сарони ду кишвар вазъи кунуниро дар Ҷумҳурии Қазоқистон муҳокима намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки оромӣ ва тартибот ҳарчи зудтар барқарор хоҳанд шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳо, ки ба таъмини сулҳу амният ва субот дар минтақа равона шудааст, таъкид намуданд.