Рӯзи 3-юми июл, дар як Конфронси байналмилали виртуалии донорҳои Иттиҳоди Аврупо гуфта шуд, ки коронавирус диққати ҷомеаи ҷаҳониро аз бӯҳронҳои глобалӣ ба дигар тараф бурд, аммо мушкилоти товирусии глобалиро на кам, балки бештар кард.
Зоҳиран, Аврупо бо симои дигар ба масоили глобалӣ назар кардан мехоҳад, аз ҷумла дар муносибат бо бӯҳрони Сурия аз худ гуманизми бештаре нишон доданист. Намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар ин ҷамъомади виртуалӣ ваъда супурданд, ки ба аҳолии Сурия дар ин ва соли оянда 2,3 миллиард евро кӯмак мерасонанд.
Роҳбарияти сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ки таҳримҳои ИА ба раванди кӯмакҳои башардӯстона халал намерасонад. Хосеп Боррелл, намояндаи олии ИА оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният гуфт: “Таҳримҳои ИА ба шаҳрвандон дахл надорад. Ягон таҳрим барои кӯмаки башардӯстона ё лавозимоти тиббӣ пешбинӣ нашудааст. Таҳримоти мо алайҳи онҳое, ки мардуми Сурияро ситам, муассисаҳои тиббӣ ва мактабҳоро бомбгузорӣ ва силоҳи кимиёӣ истифода мекунанд, равона шудааст. ”
Гуфта шуд, ки ҷахониён гӯё фаромӯш кардаанд дар Сурия ҷанги шаҳрвандӣ аз 10 сол ба ин сӯ ҷараён дорад. Зиёда аз 10 миллион нафар то ҳол ба кӯмаки башардӯстона ниёз доранд ва ба аксарияти сокинонаш ғизои кофӣ намерасад. Иқтисоди Сурия хароб шуда, нисфи аҳолӣ бекор мондаанд.