Федератсияи миллии гӯштигирии Тоҷикистон дар поёни сол беҳтаринҳои ин самти варзишро муайян ва қадрдонӣ намудааст.
Бино ба радабандии ин созмон,«Беҳтарин варзишгар дар соли 2021» паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дониста шудааст.
Унвони «Беҳтарин гӯштигир дар соли 2021» насиби Ҷаҳонгир Маҷидов (дар вазни 90кг) гардидааст. Мирзоҷамил Рамазонов ва Фирдавс Насимов дар вазни худ беҳтарин хонда шудаанд.
Ҷоизаи «Беҳтарин сармураббӣ дар соли 2021»-ро моли Хуршед Ибодуллоев шудааст.
Шоҳин Гулов ба унвони «Мураббии сол дар соли 2021» ва Хусрав Шоев ба «Беҳтарин довар дар соли 2021» дастёб шудаанд.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки Федератсияи гӯштии миллии минтақаи Кӯлоб соҳибҷоизаи “Беҳтарин федератсия дар соли 2021” шуд.
Ҷоизаи «Беҳтарин ВАО дар соли 2021» барои инъикоси мусобиқаҳои гӯштии миллии гӯштигирӣ ба Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш» тақдим гардидааст.