Дар ҷаласаи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шашум лоиҳаи як қатор қарору қонун ва созишномаҳо қабул гардид.
Бино бар гузориши дафтари матбуотии парлумон, дар ин нишаст лоиҳаи Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мувофиқи лоиҳаи қонуни нав 20 апрел рӯзи кормандони мақомоти адлия ва 26 июл рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муқаррар гардидааст.
Ёдрас мешавем, ки тибқи қонуни пешин рӯзи кормандони адлия якшанбеи дувуми моҳи октябр таҷлил мешуд.