Ба иттилои ВКД дар шаҳри Панҷакент се ҷавон дар натиҷаи муноқишаи гурӯҳӣ кушта шуданд.
Тавре манбаъ менависад, 26-уми декабри соли 2021, тахминан соати 13:50-дақиқа, 4-нафар ҷавонони 18 ва 19 солаи сокинони шаҳри Панҷакент бо маслиҳати пешакӣ дар рӯ ба рӯи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, бо се нафар ҷавонони 17, 21 ва 23-солаи сокинони ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд ба узвҳои ҳаётан муҳими номбурдагон задаанд.
Дар натиҷа, 3 нафар ҷавон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Гуфта мешавад, нисбат ба гумонбарони ҳодисаи мазкур бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “а”, “к” ва моддаи 237 қисмҳои 2 ва 3 бандҳои “а”, “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокуратураи шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.