Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Аҳмад Асадзода, ҷойнишини вазири нафти Эрон дар шаҳри Теҳрон дидор намуд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, зимни гуфтугӯ онҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳо байни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар дар самтҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин ҷонибҳо зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷударо барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба иброз доштанд.