Алишер Ҷалилов (сардори “Истиқлол”),Фатҳулло Фатҳуллоев (ниммуҳофизатгари “ССКА”) ва Илҳомҷон Баротов (ҳамлавари “Истаравшан”) ба рӯйхати номзадҳо ба унвони “Беҳтарин бозигари Тоҷикистон дар соли 2021” ворид шудаанд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, маросими супоридани ҷоизаҳо ба беҳтарин футболбозони соли 2021 рӯзи 25 декабр дар «Кохи Парфенон» баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ғолибон дар панҷ бахш: чехраи умедбахши лигаи ҷавонон, футболбози беҳтарин, бонуи футболбози беҳтарин, бозигари беҳтарини тоҷикистонӣ дар хориҷи кишар ва футболбози беҳтарини сол ҷоиза хоҳанд гирифт.
Ба унвони беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар хориҷи кишвар Парвизҷон Умарбоев (нимҳимоятгари “Локомотив”-и Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе (“Навбаҳор”-и Ӯзбекистон) ва Шаҳром Самиев (ҳамлагари “Торпедо-БелАЗ”-и Беларус) довталаб мебошанд.