Сипосмандии намояндаи Афғонистон аз Эмомалӣ Раҳмон

Ба гурезагону паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистон ёрмандии маводи тиббӣ карданд.

Тавре аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар кишвар хабар доданд, маросими тақдими доруворӣ 22 декабр дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Гуфта мешавад, дар маросим намояндагони ҳукумату вазоратҳо, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ва масъулони ҷамъияти мазкур ҳузур доштанд.

Муҳаммад Зоҳири Ағбар ҳангоми суханронӣ аз шахси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосмандӣ намудааст.

“Барои таваҷҷуҳ ва ёрмандӣ ба паноҳандагону гурезагони кишвари Афғонистон дар Тоҷикистон сипосгузорем”, – иброз доштааст сафир.

Зикр мегардад, ки барои кумаки тиббии мазкур 1 миллиону 256 ҳазор доллар ҷудо шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ин маводи тиббиро ба бемористонҳо аз моҳи январи соли 2022 тақсим хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумон низ ба қазияи Афғонистони ҳамсоякишвар таваҷҷуҳ намуд ва аз омодагии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ирсоли кумакҳои башардӯстӣ ба он кишвар гуфт.