15-дастаи иштирокчиёни даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳои Аврупо маълум шуд

Рӯзҳои 7-8 декабр бозиҳои даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои Аврупо баргузор гардид. Баъди баргузории бозиҳо аз 16-дастае, ки дар даври плей-офф иштирок менамоянд, 15-тояш муайян гардид.

Дастаҳои «Манчестер Сити», «ПСЖ», «Ливерпул», «Атлетико», «Аякс», «Спортинг», «Реал Мадрид», «Интер», «Бавария», «Манчестер Юнайтед», «Бенфика», «Челси», «Ювентус», «Лилл» ва «Залстбург» роҳхати даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳои Аврупоро ба даст оварданд.

Танҳо ду даста мондааст, ки якеаш роҳхати даври плей-оффро соҳиб мешавад. Бинобар сабаби бориши зиёди барф дар шаҳри Бергамои Италия бозии ин ду даста «Аталанта» ва «Вилярреал» баргузор нагардид. Рақобати ин дастаҳо ба рӯзи 9-декабр мавқуф гузошта шуд. Бар асоси натиҷаи ин вохӯрӣ, охирин иштирокчии даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳои Аврупо дар мавсими 2021/2022 муайян хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии Лигаи Чемпионҳои Аврупо дастаи «Челси»-и шаҳри Лондон мебошад.

Қуръакашии даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳо 13-декабр дар қароргоҳи УЕФА дар шаҳри Нйон баргузор мешавад.