8 декабр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар Форум оид ба ҳуқуқи инсон «Ҷануб-Ҷануб 2021», ки аз ҷониби Идораи иттилооти Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Чин доир гардид, сухан гуфт, хабар медиҳад сомонаи АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷаласаи мазкур дар шакли маҷозӣ бо се забон – англисӣ, фаронсавӣ ва чинӣ сурат гирифта, дар кори он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода маърӯза намуд.
Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатии зиёда аз 100 кишвари мухталифи ҷаҳон ширкат доштанд.
Мавзӯи онлайн-ҷаласа аз ду қисмат иборат буда, қисмати аввал дар шакли пленарӣ бо суханронии шахсони олимақоми ҳокимияти давлатии Чин ва қисмати дуввум дар шакли мувозӣ бо маърӯзаҳои намояндагони мақомоти давлатии кишварҳои даъватшуда гузашт.
Умед Бобозода вобаста ба раванди пешбурд ва таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳти сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиатҳои арзишии он зери ҳимояи қонунгузории кишвар қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зиёди ҳуқуқии байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон ба имзо расонида, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ саъю талош дорад.
Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр уҳдадориҳои байналмилалии самти ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамаҷониба иҷро намуда, амалишавии онҳоро таъмин менамояд.