Бошгоҳи “Барселона”-и Испания дар бозии даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои Аврупо ба меҳмонии “Бавария” сафар кард.
Бозӣ дар майдони Алянс Арена баргузор гардида, ба ҳисоби бузурги 3:0 ба фоидаи соҳибони майдон хотима ёфт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 34-уми қисми аввали рақобат Томас Мюллер аз партофти Роберт Левандовски ба ҳадаф расонида, мизбононро ба пеш баровард. Бо гузашти 7-дақиқа Лерой Сане голи дуюмро ба дарвозаи “Барселона” ворид намуд. Дар дақиқаи 62-юми бозӣ бошад, Мусиала ба ҳисоби бозӣ нуқта гузошт.
Ҳамин тариқ Барселона баъди ин бохти шармандавор аз бошгоҳи “Бавария” натавонист роҳхати даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳои Аврупоро ба даст биёрад.
Дар 18 соли охир ин маротибаи аввал аст, ки “Барселона” дар даври плей-офф роҳ намеёбад. Акнун бошгоҳи каталонӣ бозиро дар Лигаи Аврупо идома медиҳад.