Дирӯз дар шаҳри Стокҳолм Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ҳелга Шмид дар ҳошияи 28-ум иҷлоси Шӯрои вазирони САҲА вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад сомонаи вазорати корҳои хориҷӣ.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои таҳкими робитаҳои Тоҷикистону САҲА дар асоси се ченаки созмон, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, ташаббусҳои байналмилалии кишвар марбут ба масоили об ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.