30 ноябри 2021 дар Лоҳури Покистон маросими муаррифии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба забони урду тарҷума ва нашр шудааст, баргузор гардид, хабар медиҳад сомонаи вазорати корҳои хориҷӣ.
Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Исломобод ва Донишгоҳи Панҷоб танзим шуд.
Зимни суханронии худ Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насридин ба ҳозирин маълумот дар бораи китоб ироа намуда, қайд кард, ки нашри китоб ба забони урду баъд аз нашрҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, хитоӣ, форсӣ ва фаронсавӣ ба чоп расидааст.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Донишгоҳи Панҷоб, олимон, таҳлилгарон ва донишҷӯён иштирок намуданд.