Бино ба маълумоти сомонаи ВКД, рӯзи 30-юми июни соли 2020, тахминан соати 04:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Ҷалолов Ҷӯрабой Ҷумъабоевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи нақлиётгардӣ кӯчаи Гагарини маҳаллаи Бофандаи шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мотороллери сечархаи бордор, таҳти идораи ронанда, Усмонов Маъруфхуҷа Умарович, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи мотороллер, Усмонов М.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дигари мотороллер Усмонова Насиба Тошпулотовна, соли таваллудаш 1983 ва Ғафурова Шаҳноза Валиҷоновна, соли таваллудаш 1987, сокинони ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.