Бино ба нигориши нашрияи «Ҷумҳурият», айни замон беш аз 41 миллион сокини 43 мамлакат аз камбуди ғизо бо марг мувоҷеҳанд. Тибқи арзёбии мутахассисон, то охири соли ҷорӣ беш аз 270 миллион нафар ба норасоии хӯрокворӣ рӯ ба рӯ хоҳад гашт, ки ин шумора то хуруҷи пандемия 150 миллионро ташкил медод.
Агар аз як тараф сабаби ба ин варта гирифтор гардидани ҷомеаи ҷаҳонӣ пандемияи каронавирус бошад, коршиносон сабаби дигарро дар пайомади тағйирёбии иқлим дидаанд.
Коршиноси соҳаи кишоварзӣ Маҳмазамон Сулангов, ки тайи чор соли охир ба коркарди илмии зироати тропикӣ дар шарити Тоҷикистон машғул аст мегӯяд, ки дар шароити имрӯза ҳамкории олимон ва кишоварзон ба нафъи кор мебошад. Ин коршинос мегӯяд, ки баъзе аз зироати тропикӣ дар иқлими кишвари мо ҳосили хуб ба бор меорад ва дар шароити кунунӣ кишти он ба маврид аст. Дар ин самт ҳамсуҳбати мо парвариши баттатро ба деҳқонон тавсия медиҳад.
Воқеан ҳам парвариши батат ва ё ба ибораи дигар картошкаи ширин дар иқлими мо мусоид ва мувофиқ аст. Дар мавриди нозукиҳои парвариши батат коршинос Маҳмазамон Сулангов мегӯяд, ки ин зироат гармидӯст буда, дар ҳоли риояи агротехникаи парвариш метавон аз он ҳосили баланд ба даст оварду рушди саноати хӯроквориро такон бахшид.
Таҷрибаи олимон собит намудааст, ки кишти батат бахусус дар минтақаи ҷануб ва қисман навоҳии тобеъи кишвар ҳосили хуб ба бор меорад.
Самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин дар шароити кунунӣ аз шартҳои аслии таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Қурбоналӣ Партоев – доктори илмҳои кишоварзӣ мегӯяд, ки дар ҷумҳурии мо ҳастанд, растаниҳои бисёрсолае, ки дар заминҳои бекорхобида, аз ҷумла шӯрзаминҳое, ки аз гардиши кишоварзӣ дар ҳоли канор мондан қарор дорад, ҳосили дилхоҳ бидиҳад. Ин ҳамсуҳбати мо ба деҳқонон дар чунин заминҳо кишти топинамбурро тавсия медиҳад.
Дар идомаи суҳбат ҳамкаломи мо Қурбоналӣ Партоев – доктори илмҳои кишоварӣ мегӯяд, ки парвариши топинамбур аз чанд ҷиҳат муҳим ҳаст. Агар аз як тараф бо густариш додани кишти топинамбур дар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ канор монда иқисодиётро таҳким бахшем аз тарафи дигар мо бо истеъмоли он саломатиамонро беҳбуд мебахшем.
Воқеан ҳам бо истифода аз ҳисоби кишти топинамбур метавон заминҳои бекорхобидаро сабзу хуррам намуду тавассути кишти батат аз заминҳои камнам ҳосили дилхоҳ ба даст овард. Пас бемуҳобо метавон гуфт, ки чорасозии кишоварзон дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа метавонад, барои бартарафсозии ҳолати ногувори баамаломада мусоидат намояд. Ба ибораи дигар агар замин,об, иқлими табиат ва дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзӣ самаранок истифода шавад, ҳамагуна мушкилот дар ин самт бартараф мегардад.
Муродулло Раҳимов,
Радиои Тоҷикистон