Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович,
Хабари ҳалокати шумораи зиёди одамон бар асари таркиши гази метан дар шахтаи “Листвяжная”-и вилояти Кемерево моро сахт ғамгин кард.
Аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, изҳори хоҳиш менамоям, то аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандон ва наздикони қурбониён таъзияи самимӣ ва ҳамдардии моро расонед.
Ба ҳамаи осебдидагон бар асари ин фалокат шифои оҷил мехоҳам».