Ҳукумати Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба Бадахшони Афғонистон мусоидат намуд

Акс аз сомонаи расмии ВКХ

26 ноябри соли 2021 бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими оғози расонидани кӯмаки башардӯстона аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) ба Афғонистон баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки кӯмаки мазкур аз 2,500 тонна орди гандумӣ иборат буда, он ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ як созмон ва давлати кӯмакрасон ба минтақаҳои мазкури Афғонистон дастрасӣ надоранд. Бинобар ин Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод пешниҳод намояд.

Ин кӯмакҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки бо наздик шудани фасли зимистон дастрасии мардуми Афғонистон, ба вежа сокинони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ба озуқа душвор мегардад.