Пешниҳоди лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ аз ҷониби “Тоҷинвест”, “Авесто Гурӯҳ” ва “Ғаюр” дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея

Аксҳо аз сомонаи investcom.tj

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар медиҳад, ки санаи 25 ноябри соли 2021 аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корея дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ” – и Душанбе Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ Форуми сармоягузориро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, вазири саноат ва технологияҳои нав – Шералӣ Кабир, раиси Палатаи савдо ва саноат – Ҷамшед Ҷумъахонзода, роҳбари ҳайати сармоягузоронӣ Корея, директори техникии ширкати “ҲансБиотех”- Ҳанс Бае Ки, инчунин намояндаи минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея – Шим Ҷайбук  бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуданд.

Гуфта мешавад, ки дар доираи Форум аз ҷониби КВД “Тоҷинвест” ва ширкатҳои ватании ҶДММ “Авесто Гурӯҳ” ва ҶДММ “Ғаюр” самтҳо ва лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ муаррифӣ гардид. Дар Форуми мазкур беш аз 180 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла намояндагони соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилотӣ-коммуникатсионӣ, сайёҳӣ, тиб ва хизматрасонии ду давлат иштирок намуданд. Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар сиғаи “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шуд.

Ҳадаф аз баргузории форуми мазкур пайдо намудани шиносоии сармоягузорони кореягӣ аз фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин роҳандозии робитаҳо миёни доираҳои тиҷоратии ду кишвар, инчунин тавассути сармоягузорӣ ба ҷумҳурӣ бунёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва санотӣ  мебошад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки рӯзҳои 23 ва 24 ноябри соли ҷорӣ ҳайати доираҳои сармоягузории Корея аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва саноатӣ дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе боздид ба амал оварданд. Иштирокчиёни Форуми сармоягузории Тоҷикистону Корея ба рушди муносибатҳо, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд

.