Роҳандозии дурусти сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки давоми 30 соли даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи кишоварзии мамлакат бесобиқа рушд кард. Гузашти айём собит намуд, ки маҳз дар натиҷаи истифодаи самараноки имкониятҳо ва ташкили дурусти кор ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бамаротиб афзоиш ёфт.
Инак, аз соли 2021-ум 10 моҳ сипарӣ гардид. Ин муддат кишоварзони кишвар ба кадом дастовардҳо ноил гардиданд? Дар ин давра содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар кадом сатҳ қарор дошт? Оё ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ қонеъкунанда буд? Ин ҳама пурсишҳое буданд, ки ба хотири посух ба Вазорати кишоварзии мамлакат муроҷиат кардем.
Баҳодур Назаров, сардори раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегўяд, ки кишоварзони ҷумҳурӣ тайи 9 моҳи сипаригардида ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба 28 миллиарду 400 миллион сомонӣ баробар гардид, ки аз он 22 миллиард ба соҳаи растанипарварӣ ва беш аз 6 миллирд сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд.
Ҳамсуҳбати мо Баҳодур Назаров аз раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегўяд, ки рушди соҳаи чорводорӣ дар ин давра имкон дод, ки истеҳсоли гӯшт нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба андозаи 12 фоиз ва ё беш аз 18 ҳазор тонна истеҳсол гардад.
Воқеан ҳам нишондиҳандаҳои 10 нуҳ моҳи сипаригардида гувоҳӣ аз он медиҳад, ки соҳа пайваста сол то сол дар ҳоли рушд қарор дорад. Баҳодур Назаров – сардори раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегўяд, ки кишоварзони мамлакат бо дарназардошти таъмини бозори истеъмолии кишвар дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2022-ум дар майдони беш аз 8 ҳазор гектар кишти сабзавоти барвақтӣ гузарониданд.
Ҳамзамон тӯли 9 моҳи сипаригардида дар майдони зиёда аз 4 ҳазор гектар кишти тирамоҳии зироати дондеҳро кишт карданд. Гузаштаи 9 моҳи сипаригардида аз соли 2021-ум собит намуд, ки самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агротехникаи парвариши зироати кишоварзӣ боиси бамаротиб баланд гардидани ҳосилнокии замин ва маҳсулоти зироатҳои кишоварзӣ мегардад. Яъне истеҳсоли ҳосили фаровони марди деҳқон дар мавсими имсола дар ҷумҳурӣ имкон дод, ки дар бозор нархи бештари маҳсулот рў ба арзонӣ орад.
Муродулло Раҳимов,
радиои Тоҷикистон