Ба навиштаи сомонаи Маҷлиси намояндагон баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар вохурии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии чумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки «мулоқоти имрӯзаро мо имкони баррасии ҳолат ва дурнамои ҳамкории кишварҳо дар ҳама ҷанбаҳо мешуморем.»
Рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба байни Тоҷикистону Беларус дар марҳалаи имрӯза дар сатҳи баланд арзёбӣ гардид. Муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба рушд ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба пайваста мусоидат мекунад.
Мулоқоти Сарони ду кишвар воқеан анъанавӣ гардида, дар доираи чорабиниҳои минтақавӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мунтазам доир мегардад, ки дар рафти онҳо дар маҷмӯъ масъалаҳои таҳким бахшидани амният ва истиқрор дар минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима мешаванд, ки ба раванди ҳамгироӣ дар минтақа мусоидат мерасонанд.
Маҳмадалӣ Ватанзода ҳамчунин таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Беларус пайравони мӯътақид ва собитқадами тавсеа ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ буда, оид ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои самаранок дар доираи Созмони Миллалӣ Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигар созмонҳои минтақавӣ, ки ҳар ду кишвар аъзои онҳо мебошанд, мавқеи якхела доранд.
Вобаста ба аксари масъалаҳои муҳими байналмилалӣ назар ва мавқеи ҳарду кишвар ба ҳам наздик буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус оид ба масъалаҳои узвият дар сохтори байналмилалӣ ҳамдигарро ҷонибдорӣ менамоянд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ҷараён гирифт, омодагии худро барои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ байни мамлакатҳо изҳор доштанд.
Дар мулокот ҳамзамон омодагӣ барои ба роҳ мондани робитаи зичу пурсамар байни минтақаҳои ду кишвар ва субектҳои хоҷагидори Тоҷикистону Беларус таъкид шуд.
Зикр гардид, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои судманд истифодаи фаъоли сохтори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ зарур аст.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими бар нафъи мардумони кишварҳо, дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҳамкории муассисаҳои олии таълими Тоҷикистону Белорус ва дигар мавзуъҳо баррасӣ гардид.
Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амнияти сартосарӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамгироӣ дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро низ муҳокима карданд.
Дар мулоқот аъзои гуруҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Беларус Мавлудахон Мирзозода, Зоир Раҳмонзода, Неъматулло Холбойзода ва Ғайрат Азиззода иштирок намуданд.