26-28 ноябр дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи GRAND SLAM ABU DHABI 2021 баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 10 нафар намояндагӣ мекунанд.
Дар рӯзи аввали рақобатҳо се варзишгари тоҷик -Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 60кг, Алиҷон Сафаралиев ва Баҳром Суфиев бошад, ҳарду дар вазни то 66кг ҳунари худро нишон медиҳанд.
Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни то 73кг ва Ҳақназар Назарову Хушвахт Идиев бошанд, дар вазни то 81кг рӯзи дувуми баргузории мусобиқа ба майдон мебароянд.
Дар рӯзи ҷамъбастии GRAND SLAM ABU DHABI мо рақобати се ҷудочии дигари тоҷик -Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопирён дар вазни (-90кг) ва Темур Раҳимовро дар вазни (+100кг) тамошо хоҳем кард. Бояд зикр намуд, ки паҳлавони сангинвазни мо Темур Раҳимов тавонист, дар арафаи ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон медали нуқраи GRAND SLAM BAKU 2021-ро ба даст биёрад. Дар ин мусобиқа низ мо аз паҳлавони тоҷик натиҷаи арзанда ва медалҳо интизорем. Иқболу зафар ёратон бод номбардорони миллат! Тоҷикистон ба пеш!
Сорбон Амонуллозода