5-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар остонаи таҷлили 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ҳафтуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор шуд.
Созмондиҳандаи Форуми мазкур Вазорати адлия буда, дар кори намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парламент, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, ичунин ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалии муқими кишвар, коршиносони мустақил ва шарикони рушд ширкат намуданд.
Форуми миллӣ маротибаи ҳафтум аст, ки дар асоси Нақшаи Ҳукумати кишвар оид ба баргузории чорабиниҳои илмию техникӣ гузаронида мешавад. Ин Форум фурусати пойгоҳи муносибе оид ба волоияти қонун мебошад, ки қишрҳои гуногуни ҷомеаро барои муайян намудани афзалиятҳо ва таҳияи пешниҳодҳо бо мақсади пурзур намудани волоияти қонун, инчунин боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ сокинон эҷод мекунад.
Ҳадафи Форуми миллӣ низ ошкор намудани мушкилоте, ки ба риояи қонунҳо монеа мешаванд, ҷустуҷӯйи роҳҳо бар асоси табодули афкору таҷриба ва муҳокимаи озод, таҳияи тавсияҳои мушаххас ва пешниҳодҳо доир ба волоияти қонун ва баробарӣ дар назди қонун мебошад.
Дар чорабинии мазкур масъалаҳо вобаста ба ислоҳоти низоми судӣ, ҳадафи 16-уми Ҳадафҳои рушди устувор, гумнизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ ва воситаҳои алтернативии ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
Машраб Маликов
Радиои Тоҷикистон