Вокунишҳо ба изҳороти ахири президенти Қирғизистон дар мавриди баҳси марзӣ, нигаронӣ аз бетафовутии созмонҳои ҳуқуқи башар аз вазъияти мардуми Афғонистон, афзоиши нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт аз мавзуҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 3 ноябр суханронии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки рӯзи 2 ноябр тариқи онлайн сурат гирифт, нашр намудааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намудаанд, ки «даҳсолаҳои охир дар минтақаи ОМ тағйири назарраси давраҳои иқлим беш аз пеш ба мушоҳида мерасад. Зимистонҳо бештар сарду тӯлонӣ ва фасли тобистон гарму хушк гардида истодаанд. Вобаста ба ин, ҳоло дар минтақа талабот ба нерӯи барқ ва захираҳои об ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Илова бар ин, ба гуфтаи Президенти кишвар даври гидрологӣ низ тағйир ёфта истодааст, ки чунин вазъият иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсоли нерӯи барқ ва танзими захираҳои об дар минтақа наметавонанд талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодро қонеъ гардонанд. Ба таъкиди Пешвои миллат Тоҷикистон итминон дорад, ки дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмуӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди “сабз” ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 2 ноябр матлабе бо номи “Маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда яке аз омилҳои солимии аҳолист” нашр карда, хабар медиҳад, ки ахиран ба ба Қонуни «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» тағироту иловаҳо ворид карда шудааст.
Тибқи моддаи 17-и ин қонун ба маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, орд ва маҳсулоти нонӣ, ширу маҳсулоти ширӣ, намак, шакар, нӯшокиҳо, маҳсулоти ғизоии кӯдакона дохил мешаванд.
Ба гуфтаи Муҳаммад Файзуллозода раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ орди ғанишуда бо витамину микронутриентҳо барои ҳифзи аҳолӣ аз камақлӣ ва дигар бемориҳо зарур аст ва тибқи талаботи ин қонун бояд ба орд витамину микронутриентҳо илова карда шуда, инчунин, ғанигардонии маҳсулоти дигар, аз қабили маҳсулоти қаннодӣ ва ширӣ низ пешбинӣ шудааст.
Нашрияи “Садои мардум” дар ин шумораи хеш мақолае бо номи “Ҳоли табоҳи ду муассисаи таълимӣ дар Ховалинг” чоп карда, аз вазъияти ногувори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами №5 ва 6 ноҳияи Ховалинг изҳори нигаронӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф биноҳои таъмирталаб, компютерҳои корношояму фарсуда ва набудани толори варзишии замонавӣ аз мушкилотест, ки солҳо боз хонандагони ин ду мактабаро дар ноҳияи Ховалинг нигарон кардааст.
Муллиф дар идома мегӯяд, ки мактабҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Берун ва дохили он дар ҳолати ҳузнангез қарор дошта, долон ва дохили синфхонаҳои таълимӣ, умуман, таъмири ҷориро надидаанд.
Масъулини шуъбаи маорифи ноҳия бошад гуфтаанд, ки айни замон имконияти молиявӣ барои таъмири ин муассисаҳои таълимиро надоранд ва аз пайи пайдо кардани сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҳастанд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 3 ноябр мақолае бо номи “Бозгашти ҳаюло” нашр кардааст, ки дар он муаллиф аз дубора нерӯ гирифтани ДОИШ дар Афғонистон ва чеҳраҳои калидии ин гурӯҳи террористӣ сухан гуфтааст. Муаллиф аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки бо сари қудрат омадани Толибон, дар Афғонистон гурӯҳи террористии ДОИШ аз нав сафороӣ карда, чеҳраҳои нав бо собиқаи ҷанг дар Ироқ, сари кор омадаанд.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки шурӯъ аз рӯзи 3 ноябр ворид шудан ба автобус ва тролейбус дар пойтахт ғайриимкон шудааст. Ба навиштаи хабарнигори ин ҳафтанома, ки ҳолати мазкурро мушоҳида кардааст, дар даромадгоҳи дари пеши автобус курсантҳои Академияи милиса истода, танҳо мусофирони дорандаи корти нақлиётиро иҷозаи вуруд ба нақлиёт медоданд. Дар ҳамин ҳол ронандаи автобус, ки ба гуфтаи муаллиф ҳамакнун аз пули зинда монд, гуфтааст агар маошашро зиёд накунанд, аз кор меравад.
Дар идомаи ин матлаб чанде аз донишҷӯён аз афзоиши нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ки қарор аст аз 10 ноябр амалӣ шавад изҳори нигаронӣ кардааст.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 4 ноябр дар сармақолаи худ бо номи “ Чаро аз дурӯғ мехоҳанд ҳақиқат созанд?” ин саволро матраҳ мекунад, ки барои чӣ президенти Қирғизистон худ ва дигаронро гумроҳ мекунад?
Муаллифи мақола Неъматулло Мирсаидов рӯзноманигор ва коршиноси низоҳои марзӣ дар робита ба изҳороти ахири Содир Ҷабборов президенти Ҷумҳурии Қирғизистон навиштааст, ки сиёсатмадорони қирғиз бо чунин мавзегирӣ амалан музокироти марзиро ба сарфи беҳудаи вақт табдил медиҳанд. Ба гуфтаи муаллиф сиёсати даъвои ҳамешагии марзӣ бо ҳамсояҳо аз ҷониби Қирғизистон ҳанӯз дар даврони шуравӣ оғоз шуда, то ҳол идома дорад.
Ба унвони мисол масоҳати Ҷумҳурии мухтори Қирғизистон дар замони таъсисёбиаш 195 ҳазору 740 км мураббаъ буд, аммо айни ҳол масоҳати ин кишвар ба 199 ҳазору 951 км мураббаъ баробар аст. Яъне дар ин муддат масоҳати Ҷумҳурии Қирғизистон беш аз чор ҳазор км-и мураббаъ зиёд шудааст.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 3 ноябр мақолаи сиёсатшинос Шералӣ Ризоиёнро бо номи “Масъалаи марз ба куҷо мерасад?” чоп кардааст, ки дар он муаллиф мегӯяд паёмҳое, ки дар нишасти матбуотии ахири президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов садо доданд, мустақиман ба манфиатҳои ҳаётан муҳими Тоҷикистон дахл доранд.
Хулосаи муаллиф аз суханони Ҷабборов дар робита ба баҳси марзӣ бо Тоҷикистон ин аст, ки нишасти матбуотии зерин дар арафаи интихоботи парлумонии Қирғизистон, ки бояд 28-уми ноябр баргузор гардад, анҷом шуд ва сароҳатан изҳори назар кардан перомуни масъалаҳои марзӣ як иқдоми папулистӣ ва имиҷсозӣ аст.
Зеро ба гуфтаи муаллиф барои давлатдорони ҳозираи Қирғизистон дар фазои суботу оромӣ баргузор намудани интихоботи парлумонӣ бисёр муҳим аст, чун худи онҳо баъди чунин интихобот дар соли 2020 ба сари қудрат омаданд. Аз сӯи дигар ба гуфтаи муаллиф бинобар бисёр баланд будани эҳсоси интиқомҷӯӣ дар муҳити ҷомеаи Қирғизистон ба истилоҳ як “ғалабаи хӯрд” ҳамаи корро “ҳал” карда метавонад, зеро мутаассифона он тамоюле, ки дар моҳҳои феврал-апрели соли 2021 ҷараён дошту ба муноқишаи хунин овард, ҳоло дар шакли дигаре такрор шуда истодааст. Аз ин рӯ, масъалаи ҳифзи суботу амнияти Тоҷикистон, зиракии сиёсии ҳар як шаҳрванд ва роҳ надодан ба низоъ як масъалаи муҳим боқӣ мемонад.