Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея

Дирӯз 4 ноябри 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Ё Сонг Бэро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои калидии тадорукотию мундариҷавии 14- умин Форуми вазирони корҳои хориҷии абзори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Ҳамзамон дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Корея дар соҳаҳои гуногун табодули афкор намуданд.