Китоби “Садоқат ба касб, садоқат ба хеш”-и Абдушукурова Тамара рӯи чоп омад

Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар толори “Наврӯз”- и Театри академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, бо иштироки ҳунармандону шогирдон рӯнамои китоби тозанашри “Садоқат ба касб, садоқат ба хеш”-и Ходими ҷамъиятӣ, собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгор ва бонуи зебою хушсимо Абдушукурова Тамара баргузор гардид.

Китоби “Садоқат ба касб, садоқат ба хеш” дар Муассисаи давлатии нашрияи “Адиб” рӯи чоп омадааст.

Нависандаи китоби мазкур хотироту садоқати хешро нисбат ба касбу ҳунар рӯи коғаз овардааст, ки дастурамалест барои ҳунармандону донишҷӯён.

Дар маҳфил муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф иштирок намуда, Абдушукурова Тамараро барои нашри чунин як китоб табрику таҳният гуфт.

Ҳунармандони Театри академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ баҳри фароғати ҳозирин барномаи рангинеро ҳамчун меҳрнома ба устоди хеш тақдим намуданд.