Ба навиштаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 20 апрели соли 2021, №219 Дар бораи баргузор намудани озмуни “Китобхонаи беҳтарин” дар чор ноҳияи пойтахт даври ноҳиявии озмун баргузор гардид. Озмун дар ду давр: ноҳиявӣ ва шаҳрӣ гузаронида мешавад.
Дар даври ноҳиявии озмун, аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар соҳиби ҷои якум: “Китобхонаи беҳтарин”-ро сазовор гардид.
Даври шаҳрии озмун моҳи декабри соли равон баргузор гардида, ғолибон бо ҷоизаҳо қадрдонӣ мегарданд.