«МАГАР ДИЛ БОХТАН КОР АСТ, САР БОЗ!». Мавзӯъҳои ҷавонмардӣ, муҳаббати инсон ва табиат дар эҷодиёти Аскар Ҳаким, ки ба сини 75 даромад, зиёданд

Яке аз шахсиятҳои  маъруфи кишварамон, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ, олим ва ходими намоёни ҷамъиятӣ Аскар  Ҳаким ба синни мубораки 75 даромад. Рӯзҳои наздик маҳфили эҷодии шоир дар толори Хонаи адибони ба номи устод Мирзо Турсунзода ва конфронс бахшида ба фаъолияти илмиву адабии ӯ дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардада, дар муассисаву ташкилоти мухталифи кишвар  маҳфилҳои адабии шоир ва олими варзида ороста мешаванд. Ба ин муносибат андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар», яке аз ҳамсафону ҳамқаламони Аскар Ҳаким  Камол Насрулло манзури хонандагон гардонида мешаванд.

Вижагиҳои инсонӣ ва ҷамъиятии Аскар Ҳаким

Дар ин бора метавон батафсил мақолаи бузурге навишт ва саҳми ӯро дар тарбияи ҷавонони эҷодкор, роҳбарии муваффақона дар идораҳои эҷодии давлатӣ, аз ҷумла ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагон дар ду навбат (13 сол),  дар нашрияҳои адабиву илмӣ, дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси  муовин, дар муассисаҳои илмии кишвар ва ширкат дар иҷрои масъулияти зиёди ҷамъиятӣ ва ғайраву ғайраҳо тавсиф кард.

Аскар Ҳаким, ки ду сол пеш рисолаи илмии  доктории хуро бо муваффақият ҳимоя намуд, рисолаи номзади илмро дар шаҳри Москва, баъд аз таҳсил дар аспирантураи яке аз донишгоҳҳои бузурги дунё — Донишгоҳи ба номи Ломоносов  ҳимоя карда буд.  Табиист, ки ин муҳити пурбору пурбаракат ба донишу фаҳмишу ҷаҳонбинии ӯ таъсири нек гузоштааст. Худи ӯ ҳамчун инсони пурмутолиа ва огоҳ аз адабиёти  кишварҳои шӯравӣ, бузургони илму адаби дунё ва адабиёти ҳазорсолаи тоҷик, ҳамчун шахсе, ки ҳамеша ҳамнишини бузургони илму адаби тоҷику шӯравӣ ва олам буд, бо фазилату огоҳии комил ҳусни суҳбатҳову маъракаҳои  базмҳои бузурги саҳнаҳои кишвар ва берун аз он будаасту ҳаст. Албатта, ҳузури мубораки ӯ дар муҳитҳои адабиву илмии имрӯзи кишварамон ба манфиати илму адабиёти муосирамон буда, ҷолиб аст, ки худи Аскар ҳам хоксоронаву хастагинопазирона ҳамеша дар маҳфилҳову маҷлисҳову озмунҳо ширкати фаъолона дорад.

Дар бораи вижагиҳои инсонии устод  Аскар  метавонам ба осониву ба роҳат қалам рӯи коғаз орам, зеро устод дар тақдири эҷодии банда нақши бузург бозидааст, ки наметавонам онро фаромӯш кунам ва солҳое ҳам шарафи дар канори ӯ дар як идора кор кардан  бандаро насиб шудааст.

Аскар Ҳаким дар синн ҳамагӣ панҷ сол аз банда калон аст, аммо дар замоне, ки насли мо нав вориди майдони адабиёт шуда буд, Аскар Ҳаким аллакай яке аз мунаққидони фаъоли адабиёти муосири мо буд. Нахустин мақоларо ҳам  дар бораи шеъри ҷавонони он замон- Раҳмат Назрӣ, Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва банда Аскар Ҳаким бо номи “Шоирӣ касб не, шоирӣ қисмат” ҳанӯз соли 1974 навишта буд. Ин мақола нахустин эътирофи ин ҷавонон ҳамчун шоир аз ҷониби нақди адабии рӯз буд. Ҳамон вақт ҷавонони зиёде дар саҳифаҳои матбуоти  даврӣ ва маҷаллаҳои адабӣ шеър ба интишор медоданд. Аммо Аскар Ҳаким арҷро маҳз ба номи ҳар сеи мо гузошта буд ва баъдан маълум гардид, ки завқи ӯ ба  иштибоҳ роҳ надодааст. Ва барои банда боз он ҷиҳат гуворо буд, ки ӯ навишта буд: ”Аз ин се эҷодкори ҷавон, ки шеърҳояшон мавриди гуфтугў шуд, сухани Камол Насрулло пухтатар ва мустаҳкамтар аст”.

Сипосгузории банда аз он аст, ки шояд маҳз ҳамин арзёбӣ эътимоди моро  ба худ бештар намудаву боиси такомули эҷодии мо гардидааст, зеро он солҳо- солҳое, ки ҳанӯз устод Мирзо Турсунзода сарвари Иттифоқи нависандагон буданду устодоне, чун Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Убайд Раҷаб  ва Мӯъмин Қаноату Лоиқ  Шералӣ  нигаҳбони ин муҳит, арҷгузорӣ ба шеър дар байни мардум хеле баланд буд ва ҳар чунин арзёбӣ фавран аксулсадое дар ҷомеа медод.

Ба ҷуз ин устод Аскар Ҳаким дар рӯзгори банда низ нақши бузурге  бозидааст, ки наметавонам имрӯз онро арз надорам.  Маҳз ба шарофати ӯ соли 1974, пас аз се соли хатми мактаби олӣ,  банда ба маҷаллаи он вақтҳо номдор ва бонуфузтарини адабии Тоҷикистон “Садои Шарқ” ба кор омадам. Он вақт ҳеҷ ҷавони мисли ман навқаламе  ҳатто ҷуръати ин орзуро надошт. Кор чунин сурат гирифт, ки рӯзе ба идораи маҷаллаи “Машъал”, ки банда нав ба он ҷо ба кор омада будам, Аскар Ҳаким, ки муовини сармуҳаррири маҷаллаи “Садои шарқ” буд, ба суроғам омад ва маро барои кор ба ин маҷаллаи бонуфуз, яъне “Садои Шарқ” даъват кард. Ман, ки аз ин даъвати ногаҳонӣ  сарам ба осмон расида буд, дар айни замон маъюс ҳам шудам ва ҳайратзада ба Аскар гуфтам, ки, мутаассифона, наметавонам даъваташро бипазирам, зеро ҳамагӣ чаҳор моҳ пеш ман аз  идораи маҷаллаи “Машъал”  хона гирифтам ва камоли номардист, ки акнун ин некиро пушти по занам ва баромада равам. Аскар Ҳаким табассуме карду гуфт, ки агар ҳама гап ҳамин бошад, мушкиле нест, ҳоло ҳал мекунем ва худаш танҳо ба назди сармуҳаррири маҷалла — инсони неку шариф, шоираи нозанин Мавҷуда Ҳакимова даромад. Пас аз чанде ин зани некботину хайрхоҳ маро даъват карду гуфт: “Наход одам чунин даъватро рад кунад. Розӣ шавед, ман розӣ, охир ин барои шумо боиси пешравӣ ва равнақи эҷодӣ мегардад. Чунин пешниҳодро ба ҳар кас намекунанд.”  Чунин рафтор аз ҷониби ин зани некбину хайрхоҳ ҷавонмардие буд, ки на ҳар мард дошт. Яъне ӯ манфиати як ҷавони эҷодкорро аз манфиати худ боло гузошт. Ва банда ба шарофати хайрхоҳии ин ду нафар ба маҷаллаи “Садои Шарқ” ба сифати ходими адабӣ дар шуъбаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ ба кор омадам. Баъдтар фаҳмидам, ки ин тасмими роҳбарияти Иттифоқи нависандагон будааст, ки ду нафар эҷодкори ҷавон, як шоир ва як носирро ба муҳити “Садои Шарқ” ба кор оранду тарбият намоянд. Ва Аскар Ҳаким аз байни чанд нафар пешниҳодшудагон бандаро интихоб намудааст. Баъди чанд муддат аз байни носирони ҷавон Абдулҳамид Самадро низ, ки дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” кор мекард, ба шуъбаи насри маҷалла ба кор гирифтанд.

Банда ин хушбахтиро доштам, ки дар канори Аскар Ҳаким ва Убайд Раҷаб, дар муҳити эҷодии  бузургони адабиётамон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  солиёне ҳузур доштаву баҳраҳо бардоштаам.

Ба андешаи банда, як хусусияти хос ва барҷастаи инсонии Аскар Ҳаким, ки ҳама сифатҳои фарқунандаи ӯ аз он сарчашма мегиранд (албатта, илова ба сифатҳои неки дигар), он аст, ки Аскар Ҳаким нисбат ба худ хеле хушбин аст. Ба андешаи ман, ин сифати нек аст. Ин муносибати хушбинона ба худ ӯро ҳамеша рӯҳбаланду эътиқодманди худ нигоҳ медорад, ба ӯ бовару неру мебахшад. Ин аст, ки ӯ ҳамеша бо қаду қомати расо, ҳамеша солим ва боварбахш  сарбаланду  чеҳракушод ба саҳна мебарояду чун як ҳунарпешаи мумтоз сухан мегӯяду шеър мехонад.  Ба фикри ман, касе, ки ба худ арҷ намегузораду худ ва зиндагии худро дӯст намедорад, наметавонад ба дигарон арҷ гузораду  дигаронро низ  дӯст дорад.

Мушоҳидаи дигар ин аст, ки Аскар Ҳаким соҳиби ҳофизаи фавқулода қавист. Ба ин сифати ӯ ҳамагон кайҳо тан додаанд. Банда каси дигареро намедонам, ки тамоми ашъори худ, ҳатто достонҳояшро пурра аз ёд донаду белакнату бехато, аз хотир, бидуни истифодаи матни навишташуда  бо маҳорате чунин мисли як ҳунарпеша қироат кунад.

Ва ба ин бояд илова кард, ки Аскар Ҳаким ҳамеша мутантан,  бо ҳама вуҷуд ва эҳсосот шеър қироат мекунад ва чунон ба мазмуну муҳтавои шеъраш  ворид мешавад, ки байни қаду қомат, ҷисму ҷони ӯ ва шеъраш  гӯё   тафриқае намемонад. Яъне ҳама аъзои ӯ дар баёни шеър шарик мешаванд. Ана ҳамин тафриқа аз дигарон, ҳамеша худ будан, рангу рӯи хоси худро доштани ӯ дар суханашу дар эҷодиёташ низ ҳувайдост.

Вижагиҳои шоирии Аскар Ҳаким

Аввалан, бояд гӯем, ки Аскар Ҳаким дар байни мардум ҳамчун адабиётшинос ва мунаққиди муваффақу пештози замони худ ном баровардааст, то ҷойе, ки имрӯз ҳам  бисёриҳо  арҷи бештар ба олимии ӯ мегузоранд. Аммо Аскар Ҳаким, баъд аз он ки ба шеър рӯ оварду ба шеър дил бохту китобҳои зиёди шеъру достонҳо ба табъ расонду  унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистонро соҳиб шуд ва сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ гардид, худ мехоҳад, ки ӯро бештар ҳамчун шоир эътироф кунанду бипазиранд ва албатта, ба ин ҳуқуқ ҳам дорад, зеро дар ин ҷода заҳматҳои пурсамаре кашидаву муваффақ ҳам шудааст.  Ва худ иқрор аст, ки рӯ овардани ӯ ба илм ва пажӯҳиши адабиёт ба хотири бо дарки маърифати бештар баромадан ба майдони шеър буд. То куҷо дар майдони шеър муваффақ гардидани Аскар Ҳакимро мо мекӯшем дар  поён нишон бидиҳем.

Метавон аз ҷумлаи заҳматҳои пурсамари Аскар Ҳаким дар  тарҷумаҳои асарҳои адибони олам низ ном бурд. Хусусан тарҷумаи яке аз шоҳасарҳои таърихи адабиёти олам “Мазҳакаи илоҳӣ”-и Алигер Данте, ки корест сангин ва хеле донишу заҳматталаб ва онро  устод Аскар Ҳаким тавонистааст ба субут  расонад.  Албатта, ин мавзӯест дигар ва пажӯҳиши алоҳидаро тақозо дорад. Ҳоло меоем бар сари вежагиҳои ҳунарии шеъри Аскар Ҳаким. Ҳарчанд дар ин мавзӯъ мақолаҳои зиёде  аз ҷониби олимони тоҷик ва хориҷ, аз ҷумла русу эрониву афғон навишта шудаанд, аммо банда хоҳам кӯшид, ки вижагиҳои шеъри Аскар Ҳакимро бо назари шоиронаи як ҳамқалам баррасӣ бикунам, ки баъзан чунин тарз  нозукиву шигифтиҳои шеъри шоирро беҳтар падидор месозад, шояд аз он ҷиҳат, ки шоир шоирро шояд беҳтар мефаҳмад.

Ба андешаи мо,  дар пажӯҳишҳои назми муосир таҳқиқи бадеият ва муайян кардани  дастовардҳои шоирона хеле муҳим ва барои дарки ҳадафҳо ва фарогирии ғояҳои шеъри муосир аҳамиятноктаранд.

Яке аз хусусиятҳои хоси шеъри Аскар Ҳаким фарохии домони мавзӯъ дар ашъори ӯст.

Хусусияти дигар ин аст, ки Аскар ё худ қасдан кӯшидааст ва ё  ба сабаби огоҳиву бардоштҳои  фаровоне, ки аз илму адён доштааст, бадоҳатан мехоҳад дар як шеър ҳама гапро ғунҷонад, яъне ки шеъри ӯ дар аксари мавридҳо хеле пурбор аст.

Дар муқоиса бо аксари шоирони муосири мо ӯ мавзӯъ ва масоили  бештари зиндагиву иҷтимоиётро дар шеърҳояш фаро гирифтааст, ки ин аввалан далели назари васеъ ва бархурдории ӯ аз масоили рӯзгор ва баъдан огоҳӣ ва мутолиаи бештарест, ки ба ӯ мавзӯъ ва майдон додааст.

Ҳамин фарохии домони мавзӯъ ва теъдоди зиёди навиштаҳо имконият намедиҳанд, ки ҳамаи хусусиятҳои шеъри Аскарро  дар  як мақола фаро гирем. Баррасии достону манзумаҳои Аскар Ҳаким, ғазалу маснавиву шеърҳои нимоии ӯ мавзӯъҳое мебошанд, ки бояд ҳар якеро дар алоҳидагӣ баррасӣ кард. Вақте мо шеъру манзумаҳои Аскар Ҳаким ва хусусан достони “Санги ман алмос”-и ӯро мехонем, мушоҳида мекунем, ки Аскар Ҳаким огоҳии хубе аз таърихи ҷаҳон, аз фалсафаву ҳикмати Юнони қадиму Ҳинду Чину Араб, аз табиатшиносиву илмҳои дигар, хуллас, аз дастовардҳои  маърифату фарҳанги ҷаҳонӣ дорад.

Мақолаи мо, ки оҷилан ба муносибати ҷашни шоир навишта мешавад, як назари шояд пароканда ва  иҷмолӣ аз мутолиаи намунаҳои ашъори Аскар Ҳаким хоҳад буд.

Яке аз масъалаҳое, ки дар шеъри Аскар дар  мадди аввали назар меистад, масъалаи мақоми инсон дар зиндагӣ ва дар сайёра мебошад, ки қариб дар аксари ашъори Аскар ҳузури муҷалло дорад. Масъалаи пайванди инсону табиат, пайванди инсону ҷаҳон, вижагиҳои ин пайванд, рисолати инсон дар шеъри Аскар шоирона ба тасвир ва таҳқиқ гирифта мешаванд:

Дарахти арчаи кўҳам, на сарв дар лаби ҷўй,

Маро ба қомати маъшуқагон шабоҳат нест,

На ноз мекунаму мекашам на нози касе,

На боғ мераваму на хиром донам чист…

Ба решаҳои амиқам ба хок панҷа занам,

Ки устувор бидорам замини  сабзи диёр.

Зи тафси тобаи ҳар санг об ҷамъорам,

Ки дар тамуз нагардад гиёҳу гул хасу хор…

Аскар Ҳаким муносибати  инсону табиатро мавриди пажӯҳиш қарор додааст

Ба ҷуз ин ки ин шеър рамзан симои инсонии як соҳибватан ва масъулияти инсонии ӯро ба тасвир гирифтааст, дар он яке аз масъалаҳои ҷиддии Сайёра — муносибати  инсону табиат мавриди пажӯҳиши шоир қарор мегирад. Имрӯз, ки масъали ҳифзи табиат аз масъалаҳои аввалиндараҷаи Сайёра аст, хусусан дар мавриди тиҳӣ гардидани кӯҳсори диёри мо аз арчазорон, ки боиси фоҷиаҳои табиату инсон мешавад, таҳқиқи ин мавзӯъ дар шеър бисёр муҳим аст.

Ин шеър асоси табииву илмӣ дорад. Бубинед, воқеан як арчаи кӯҳ дар решаҳои худ анқариби як тонна обро метавонад нигоҳ дорад ва дар маҷмӯъ ба шарофати  арчазори кӯҳистон   ва нами решаҳои он кӯҳистон ҳамеша сабзу хуррам буда, хоки он қавӣ асту ҳавояш тозаву муаттар. Ва як сабаби ба сари  мардуми деҳот ва киштзорҳо фуромадани  селу харобии рӯзгори мардум ана ҳамин тиҳӣ гардидани кӯҳҳо аз арчазор аст, ки боиси омадани селҳо мегардад.  Ва ин манзараро шоир тавонистааст шеъре бикунад бамаврид.

Муҳаббати инсон ва табиат муҳаббатест, ки сайёра ва зиндагии моро эмин аз хатарҳо ва шукуфон нигоҳ медорад. Ва офарин ба шоире,  ки ин муҳаббатро месарояд ва интишор медиҳад:

Дўст дорам фаварони гули шафтолуро,

Ишқи занбӯри асалро ба арӯси гули себ,

Ки ба як бӯсаи ширин кунадаш обистан

Ва ман обистани гулро

Ба қалам об диҳам,

То ки дар дафтари ман шохаи себ орад бор.

Ва илова кунем, ки дар ин шеър шоир тавассути сувари хаёл “фаварони гули шафтолу”, “ишқи занбӯри асал ба арӯси гули себ”, “обистан гардидани гулҳо ба як бӯсаи ширин” ва “ба қалам об додани ин обистан” ва дар дафтари шоир “бор овардани шохаи себ” тавониста ҳам масъалаи ҷиддии муносибати инсону табиатро бардорад ва ҳам як дастоварди тозаи шоиронаро пешкаши хонанда намояд.

Ҷаҳонбиниву дониши Аскар Ҳаким, бардошти маънавии ӯ аз зиндагӣ ва илму адабиёт ба ӯ имкон медиҳад, ки боз як чунин манзараи аҷибу зебову нотакрори шоиронаро ба тасвир орад ва дар ин шеър ягонагии инсону табиат, пайванди қавии маънавии онҳоро чунин шоирона зебо ба тарзи модерн, яъне бо тасвирҳои тоза ва ғайримаъмулӣ ба қалам бидиҳад:

Духтарам, к-аввали бурҷи моҳӣ

ба ҷаҳон омадааст,

рӯзе омад тозон

(он замон кӯдак буд),

Гуфт: Бобо, амакеро дидам дар кӯча

Ба сараш лонаи кафтар мерафт

Ва ба оҳубара мегуфт сухан чун бо мо,

Моҳӣ аз рӯд ба ҳар як суханаш пар мезад.

Ногаҳон себи ҷавоне, ки ба зераш будем,

Зи суханҳои шигифти кӯдак

Шох афшондаву ларзиду рафт.

Шоир барои баёни тахайюлоти шоирона аз нигоҳу мушоҳидаи тахайюлии кӯдак зебо истифода мекунад ва  сухан шеър мешавад. Лонаи кафтар бар сари амак, бо оҳубара сухан кардани ӯ ва аз суханҳо пар задани моҳӣ дар рӯд тасвирҳои рамзӣ ва зебои ғайриинтизоранд, ки ҳосили табъи шоир аст.  Аҷаб таносуби зебое дорад аз сухани кӯдак шукуфтану шох афшондани себ. Воқеан шоир тавонистааст ягонагии табиат, ҷонварон ва инсонро боварибахш ба қалам диҳад.

Дар ҷойи дигар Аскар Ҳаким мавзӯи ишқро ҳам ба таври худ ва ҳикматомезу файласуфона ба қалам медиҳад, ки барои баҳс ва ё эътироз ҷой намемонад:

Гар ҷаҳон ҷойе барои зиндагӣ дорад,

фақат оғўши ишқ аст,

Гар ҷаҳон ҷойе барои бандагӣ дорад,

фақат оғўши ишқ аст.

Шоир андешаҳои маънавӣ ва фалсафии худро осон шеър мегардонад ва ин шеър хонандаро водор ба андешаву дарки маъниҳои ниҳон мекунад:

Он роҳ, ки меравӣ, надорад поён,

Баҳре, ки шино кунӣ, надорад соҳил.

Дар шеъри Аскар Ҳаким ҳатто ашк паёме аз нишот дорад. Ва дар ин пора “абри нолазои баҳор”, “хоки мурда”, “кӯдаки гирён ва ашк”, ки шоир онро ба тухми зиндагӣ шабоҳат додааст, дар таносуби шоирона як манзара ва маънои рӯҳафзо ва умедбахши зиндагиро ба хонанда илқо мекунанд.

Шоир, вақте маъниву ҳадафи умрро шоирона ба тасвир мегирад, дар радифи гузаштагон ба ҳикматҳое файласуфона ва пандомез гоҳо маъниҳоеро илқо мекунад, ки хонанда метавонад аз онҳо панд бардорад. Аммо муҳим ин аст, ки дар ин маъниталқинкуниҳо мазмун дар перояи сухани бадеъ пероста мешавад:

Умрат ба масал агар чу дастовез аст,

Некаш нигарӣ ба роҳи Ҳақ маҳмез аст.

Ҳоло накунӣ ба роҳи Ҳақ растохез,

Ҳар рӯзи пас аз марги ту растохез аст.

Ин ҷо манзур дастовез будану дар роҳи Ҳақ маҳмез задани умр ва растохезе, ки рӯзе, ҳатто пас аз гузашти умр, метавонад бар сари мо ояд.

 

Аскар Ҳаким манзараҳое бо тасвирҳои ноби шоирона месозад

Гоҳе табъи саршор ба Аскар Ҳаким чунон ангезишҳои эҷодӣ медиҳад, ки ӯ манзараҳое бо тасвирҳои ноби шоирона месозад ва ба куллӣ тозагароиҳои ғайричашмдошт мекунад, ки низ тиҳӣ аз фалсафаву ҳикмат нестанд:

Сухани шеър бувад сабзтар аз вожаи ишқ,

Решаи фикр бувад жарфтар

аз бехи дусадсола чинор.

Савту ово шавад аз хонаи танбӯрии дарё ҷорӣ.

Сухани шеър бувад сабзтар аз вожаи дашт,

Гулпаракҳо сари зулфони алафро гиранд,

Ғук бар об ҷаҳад,

тоза барояд ба канор,

Сари ду пой нишинад сари санг,

Бидамад сурнайи ҷӯбору бихонад овоз,

Ки бубин,

зиндагӣ аз сар чи қадарҳо зебост

Ва чӣ андоза сахист,

Ки ба ҳар ғук диҳад ҳанҷараи довудӣ…

Гумон мекунам, хонанда худ вежагиҳои шоиронаи ин тасвирҳоро пай мебарад ва чӣ андоза аҷиб ва ғайричашмдошту зебост “ҳанҷараи довудӣ”-е, ки шоир ба дасти ғук додааст.       Ва ин мушоҳидае, ки рамзи адолатпарварии табиату худованд аст, аз ҷониби шоир низ самимонаву таъсирбахш баён меёбад:

Осмон дорад агар панҷаи оби раҳмат,

На фақат бар сари сарву гулу райҳону тимишк,

Ба сари газна, шутурхору ғумой,

Ба сари хори хасак ҳам борад.

Яъне метавон сурату сирати адолатро ба-дин сон низ тасвир кард.

Аскар Ҳаким арҷи баланд ба инсон мегузорад ва бисёр осону одӣ ҳиммати баланди инсон, баҳои ҷамъбастии ҳастии ӯро ба қалам медиҳад, ки низ барҷаставу бебаҳс  аст:

Чӣ гӯям ман аз ину аз он,

Ки дар подоши он ранҷу  машаққатҳо,

ки аз дунё кашад инсон,

Нахоҳад ҳеҷ чизе аз ҷаҳон ҷуз марги осоне,

Чӣ инсоне!?

Чӣ эҳсоне!?

Чӣ  гӯям ман аз ину он?

Дар ҷойи дигар мавзӯи арзиши инсонро  дар ҷамъбасти умр шоир боз ҳам рехтаву қатъиву самимона ба қалам додааст:

Хаста гашта рӯзе аз афту дарафт,

Чун равам аз даҳри некию бадӣ,

Кош ин ҷо халқ гӯяд; Ҳайф, ҳайф!

Гӯядам он ҷо малак: Хуш омадӣ!

Мавзӯи фалсафаи худшиносии инсон пайваста дар ашъори Аскар Ҳаким мавриди мушоҳидаву андеша қарор гирифтааст:

Ё раб, чӣ касе биофаридӣ, ки нахуст

Коре, ки бикард, кушт додарро чуст.

Пас зоғ биёмўхт варо кандани қабр,

Эй вой башарро, ки заған раҳбари ўст.

Ин мазамматест, ки шоир тавассути он мехоҳад инсонҳоро ба андеша аз хулқу рафтор ва арзишу қимати худ  водор месозад.

Ва дар мавридҳои дигар ба чӣ гуна будан ва чӣ қимате доштан ишораҳое мекунад:

Ман чӣ инсонам,

Гар набошад боз дар ман  сад ҳазор инсон

Ҳамчунин хандон,

Ҳамчунин гирён.

Ва дар баробари ин мо чунин назари ифтихормандро ба шахси инсон мебинем, ки ҳамтои беҳтарин ситоишҳо дар васфи ӯянд:

Эй аз малакут омада бебок ба хок,

Кардӣ ба вуруди хеш ин хок афлок.

Дар нуҳ қабати даҳр чаро дурр ҷӯйӣ?

Дар нуҳ садафи даҳр туӣ гавҳари пок

Ва шоир роҳҳои муваффақ будани инсонро низ тавассути шеъри ҳакимона пешниҳод мекунад:

Имрӯз агар халосу хуррам зодем,

Шодем, ба тавфиқи раҳоӣ шодем.

Завлона зи пой кандан озодӣ нест,

Завлона зи фикри худ канем, озодем.

Ғояҳои инсоншиносӣ ва инсонсозӣ дар ашъори Аскар Ҳаким мавқеи хосса доранд

Ба-дин тариқ метавон гуфт, ғояҳои инсоншиносӣ ва инсонсозӣ дар ашъори Аскар Ҳаким мавқеи хоссаро ишғол кардаанд.

Мо дар мавриди шеъри иҷтимоии Аскар Ҳаким кам сухан кардем, ҳол он ки чунин навъи шеър дар эҷодиёти ӯ ҷойи  хосса дорад. Овардани як далели дурахшон аз чунин навиштаҳо кофист, ки дар он ҳам ҳикмату фалсафаи зиндагӣ ва ҳам бадеияти баланд ҷилвагар аст:

Пиразан бо қомати хамгашта мерӯбад хазон

Аз азоне то азон.

Кӯчаҳоро мекунад аммо пур аз барги хазон.

Боз ҳам боди вазон.

Баски ӯро нест парвои дигар,

К-ин зани ҷорӯбкаш

Мекашад дарди камар.

Албатта, мисли аксари шеърҳои дигари шоир ин манзара ҷуз ҳақиқати зиндагӣ боз ҳақиқати таҳтоние дорад, ки хонандаи закӣ онро мефаҳмад.

Аммо ҷолиб аст он хулоса ва ҷамъбасте, ки ин пораро ҷилои шеър бахшидааст:

Пирзан, эй пирзан,

Кўчаҳоро он қадарҳо рўфтӣ дар умри хеш,

Ҷони худро он қадарҳо кӯфтӣ дар умри хеш,

Аз вуҷуди хеш акнун ҳасрати худро бирӯб.

Ҳам ғубори ғафлати худро бирӯб…

Акнун меоем  ба баррасии вижагиҳои шоирона ва ҳунари шоирии Аскар Ҳаким дар рубоӣ ва дубайтиҳои ӯ. Зеро, ба андешаи ман, ҳунари шоирии Аскар Ҳаким, дид ва андешаҳои  шоирона, бозёфтҳои тоза, сувари хаёл дар дубайтиву рубоиёти ӯ бештару равшантар таҷассум ёфтаанд.

Яке аз вижагиҳои хоси шеъри Аскар Ҳаким  ҳузури ҳамешагии ҳикмат ва панду андарз дар навиштаҳои ӯст. На, ӯ рӯирост насиҳат намекунад, балки ҳар навиштааш ҳикмате бо худ мебарад, ки хонандаро панде метавонад бидиҳад. Чанд намуна:

Санге нашикаст санги дарёиро,

Ранге набурид ранги дарёиро.

Ҳар ҷо, ки бузургест, бузурге хоҳад,

Дар кӯл маҷӯ наҳанги дарёиро.

Ҳоҷат ба шарҳ нест, зеро ин пора илова ба ифодаи фаслсафаи рӯзгор,  панде дар худ ниҳон дорад ва мисраи охири он мисли зарбулмасал садо медиҳад. Зарбулмасале, ки маҳсули табъи шоир Аскар Ҳаким аст.

Далели дигар:

Бошад, шунавам ман сифати хӯйи туро,

То саҷда баранд мардумон кӯйи туро.

Гар умр кунад мӯйи сиёҳи ту сафед,

Ҷуз ту накунад касе сияҳ рӯйи туро.

Дар  баёни байти дуюми ин рубоӣ, бо корбурди шоирона ва тасвири мутазоди сиёҳу сафед шоир боз ҳам як ҳикмати рӯзгорро тавонистааст хеле равону зебо ба қалам бидиҳад.

Барои комилтар намудани тасвирҳои ҳикматомез ва андарзии Аскар Ҳаким  мисоли дигар меоварем ва дар он мебинем, ки чӣ гуна шоир метавонад андешаҳои ҳикматомезро шоирона  баён  кунад:

Дил ҷӯй, ки мардум диҳадат дар дил ҷо,

Дарди дили ту кунанд бо меҳр даво.

Дар даҳри муомалат на ин аст равиш,

К-аз дасти ту гиранд, ту гирӣ аз по.

Дар  ҳамаи рубоиёти овардаамон мебинем, ки як рӯшании андеша аз хайрхоҳӣ аз ниҳоди неки шоир берун меояд ва як назари неки саршори одамигарӣ дар шеъри ӯ  ҷилвагар аст. Шоир сухани худро тавассути таъбири мардумӣ “аз дасти ту гиранд, ту гирӣ аз по” нишонрасу шоирона баён мекунад.

Як сифати фарқунандаи дигар, ки метавонад ба шеъри шоир ҷилои бадеият бидиҳад, бегумон мушоҳидаҳои шоирона аст. Чунин мушоҳидаҳоро мо дар рубоиёти Аскар низ мебинем. Шоир андешаи андарзиеро, ки баён дорад, бо мушоҳидае шоирона аз хусусияти найшакар комил мегардонад:

Гар дарди бадатро набувад ҳеҷ даво,

Нолиданат аз чархи фалак нест раво.

Ин шева ба найшакар кӣ омӯхтааст,

Пур буда шакар диҳад, чу холист наво.

Метавон аз рубоиёти Аскар Ҳаким, ки фаровон бозёфтҳои тозаву хуби шоирона доранд, мисолҳои зиёде овард, аммо ба хотири ба дарозо накашидани сухан бо овардани танҳо мисоле, ки дар он ҳам оҳанги иҷтимоъ ва ҳам бо истифода аз таносуби сухан маънии бикри ҳикматомезе баён ёфтааст, иктифо мекунем:

Дар баҳру баре баҳру барӣ пайдо нест,

Сардор чи бисёру саре пайдо нест.

Ҳарчанд, ки дунё пури одам шудааст,

Афсӯс, ки одамигарӣ пайдо нест.

Аскар Ҳаким, чунон ки хоси қалами ӯст, фалсафаи рӯзгорро низ ба таври хоси худ дар қолаби дубайтӣ таҷассум мекунад:

Агар бо офтоб инсон қарин аст,

Варо дар зери по чархи барин аст.

Ба олам гарчи сад навъи чароғ аст,

Чароғи ҷон вале равшантарин аст.

Мавзӯи ишқро ҳам Аскар бо тарзи хоси худ, шоирона баён мекунад:

Якеро сад ҷаҳон месозад аз ишқ,

Каронро бекарон месозад аз ишқ,

Чу аз хокам ба гардун мебарорад,

Заминро осмон месозад аз ишқ.

Мавзӯъҳои ҷавонмардӣ ва муҳаббат дар эҷодиёти Аскар Ҳаким зиёданд

Аскар Ҳаким мавзӯъҳои ҷавонмардиро низ тавассути сувари хаёл дар дубайтиҳояш тарғиб намудааст:

Саҳар ёдат маро омад ба сар боз,

Ки ҷон месӯхт аз сӯзи ҷигар боз,

Ба рӯи миз наъши шамъ мегуфт:

Магар дил бохтан кор аст, сар боз!

Омезиши зарбулмасале, ки маҳсули завқи шоир аст, бо ҳикмати рӯзгор дар тасвири шоир дубайтии зебои дигареро ба вуҷуд овардааст:

Ба гулшан боди найсони тагарг аст,

Хабар аз нестии базми барг аст.

Гаҳе лутфи забонӣ лутф ҳам нест,

Кабӯтарро саломи боз марг аст.

Дар дубайтии овардашуда ба ҷуз андарз мазмуни умумии шоирона низ ҷолиб аст.

Ва хусусан дубайтиҳои ишқии шоирро, гоҳе  лутфи шоирона ҳусни маъно додааст, чунончи:

Ба болои сарам моҳи ту метофт,

Ду чашмони сарам роҳи ту мекофт.

Сарам сад бор меовехт худро,

Агар доре ба болои ту меёфт.

Яъне Аскар Ҳаким дар дубайтиҳояш, чунон ки дида мешавад, ҳарф ва тасвири хоси худро дорад.

Бо овардани боз як мисол аз дубайтиҳои Аскар Ҳаким, ки намунаи хубу дурахшони тасвиру баёни эҳсоси ошиқона ва сувари зебои хаёл аст, иктифо мекунем:

Лабат дар ханда шуд, гелос бишкуфт,

Раҳо шуд гесувонат, ёс бишкуфт.

Аз он рангу аз он атре, ки мерехт,

Ҷаҳон дар ғунчаи эҳсос бишкуфт.

Ба-дин тариқ ашъори Аскар Ҳаким ҳам аз назари фарогирии мавзӯъ, ҳам аз назари гузориши масъалаҳои ҷиддии рӯҳониву ҳаётӣ, иҷтимоиву фалсафӣ,  табиатшиносиву тарбиявӣ ва ҳам аз назари дастовардҳои тозаи адабӣ, ҳалли муваффақонаи бадеии ҷиддитарин масъалаҳои инсонӣ ва ғайра хеле ҷолиб буда, барои пажӯҳишу таҳқиқ ва омӯзиш майдон ва маводи фаровон медиҳанд, ки гумон мекунам, таҳқиқи ин вежагиҳо  вазифаи муҳаққиқони оянда хоҳад буд.

Пажӯҳиши кӯтоҳи мо нишон медиҳад, ки устод Аскар Ҳаким дар зиндагӣ ва эҷодиёт сарфарозона ва садоқатманд ба ҳамон  навиштаи зебои худ: “Магар дил бохтан кор аст, сар боз” қадам мегузорад.

Ва дар охир ҳаминро мехоҳам иброз дорам: мояи хурсандист, ки устод Аскар Ҳаким дар синни мубораки 75 ҳанӯз пур аз неруи адабӣ  ва саршор аз ниятҳои эҷодӣ буда, моро ба дастовардҳои нав ба нав умедвор мегардонад. Бо таманнои тансиҳативу умри дарози бобаракат ба устод Аскар ин пирӯзиҳои зиндагӣ ва эҷодиро  самимона муборакбод мегӯем!

Манбаъ: АМИТ «Ховар»