Дар доираи ташрифи маҷозии Ҳайати ХБА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани машваратҳо тибқи Моддаи IV мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва роҳбари нави Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон Селим Элекдаг баргузор гардида, дар рафти он масъалаҳои таҳкими равобити дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар оғози мулоқот Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба роҳбари нави Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон Селим Элекдагро бо таъйин шудан ба ин вазифаи пурмасъул табрик гуфт ва барои фаъолияти минбаъда ба ӯ муваффақият орзу намуд.
Дар навбати хеш, ҷаноби Селим Элекдаг ба Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои паёми табрикотӣ изҳори ташаккур намуда, ҳавасмандии худро аз ҳамкории босамар ва барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш иброз дошт.
Баъдан Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода оид ба вазъи макроиқтисодии кишвар, аз ҷумла рушди воқеии ММД, сатҳи таваррум, суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, вазъи бозори дохилии асъор ва дигар нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ маълумот дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба иқдоми минбаъдаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолати ба амал омадани хавфҳои эҳтимолии ғайричашмдошт, аз ҷумла хатарҳои монанд ба пандемияи COVID-19, таъмини устувории сиёсати пулию қарзӣ дар вазъияти афзоиши нархҳои ҷаҳонӣ, барномаи кӯмакҳои техникӣ оид ба танзими самараноки бозори асъор ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва ХБА ибрози назар карданд.
Манбаъ: БМТ