Рӯзҳои 20, 21 октябри соли равон бахшида ба Рӯзи Фалак дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев маҳфили “Шоми Фалак” баргузор мегардад.
Дар маҳфили фалаксароён ҳунармандони гурӯҳи “Фалак”-и ба номи Одина Ҳошимов ва беҳтарин ҳунармандони фалаксаро аз ВМКБ ва вилоятҳои Хатлону Суғд иштирок ва ҳунарнамоӣ менамоянд.