Дар хабари Вазорати фарҳанг ба ифтихори 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани нишони соҳавии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба аҳли фарҳангу эҷод идома дод.
19 октябри соли равон як зумра кормандони телевизиони Варзиш барои муваффақият ва комёбиҳои назаррас, иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои фарҳангӣ бо нишони соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар маросими мукофотсупорӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф ширкат варзида, бо самимияту муҳаббати беандоза нисбат ба ватану диёр суханронӣ намуд ва аҳли эҷоди ин шабака, гирандагони нишони соҳавиро табрику таҳният гуфт.
Уроқова Латофат, Аминзода Мирхон, Назаров Орзумурод бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Шарифов Алӣ, Тешаев Муродалӣ, Муқимов Наврӯз нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ашурова Парвина, Бегматов Каримхон ва Мисаев Сорбон бо “Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.